Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№75 (4658) 09.06.2023

1Дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, ки 8-уми июни соли 2023 таҳти раёсати раиси кумита Раҳмон Дилшод  доир гардид, 17 масъала, аз он 14 қонун, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва дигар қонунҳо, инчунин, пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант ва номгузорӣ намудани он ба Сарбанд ва оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар ҳудуди деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, номгузорӣ намудани он ба шаҳраки Заҳматобод ва иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаҳои зикршударо раиси кумита Раҳмон Дилшод, аъзои  кумита Раҳимҷон Муқимӣ, Фирӯза Мӯъминова ва Мадина Набизода  шарҳу тавзеҳ дода, андешаҳояшонро иброз намуданд. Сипас, хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум  пешниҳод гардиданд.

2Ҳаштуми июни соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласа доир шуд.

Аъзои кумита се масъала — «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант ва номгузорӣ намудани он ба Сарбанд», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани шаҳраки нав дар ҳудуди деҳоти ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва номгузорӣ намудани он ба шаҳраки Заҳматобод, инчунин, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон» ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» — ро баррасӣ намуданд.

Сипас, хулосаҳои кумита доир ба масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ қабул ва ба Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

3Ҳафтуми июни соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология таҳти раёсати муовини раиси кумита Лола Одилбекова ҷаласа доир гашт.

Дар ҷаласа ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» баррасӣ шуд.

Дар охир хулосаҳои кумита дар алоҳидагӣ қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд.

4Нуҳуми июни соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон доир гардид.

Аз сухани ифтитоҳии раиси кумита Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ маълум гардид, ки рӯзномаи ҷаласа аз як масъала- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» таркиб ёфтааст. Дар идома номбурда моҳияти масъалаи мавриди баррасӣ ва зарурати ин иқдомро муфассал шарҳу тавзеҳ дод.

Аъзои кумита Д. Одилзода ва К. Ҳакимова низ оид ба қонуни зикршуда андешаҳояшонро баён ва онро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар фарҷом хулосаи кумита қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Далер АБДУЛЛО,

Сайфиддин Суннатӣ,

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ