Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ба ифтихори 23-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи анъаноти худ ба маблағи 721,4 млн. сомонӣ фондҳои асосиро аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ ба истифода медиҳад.
Аз ҷумла феҳристи фондҳои асосиро бинои иловагӣ барои 640 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62, азнавсозӣ ва таъмири асосии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 34, 37, 52 ва 92, биноҳои истиқоматӣ — 12-ошёна як адад, 9 — ошёна 11 адад ва 5 — ошёна 8 адад бо масоҳати умумии 56,1 ҳазор м2, Меҳмонхонаи панҷситорадори «SHERATON» бо масоҳати умумии 24,4 ҳазор м2, Маҷмааи савдои муосири «Пойтахт-90» бо масоҳати умумии 20,2 ҳазор м2, беш аз 7,72 км ё худ ба масоҳати умумии 87,7 ҳазор м2 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо ва як дидбонгоҳи қисми сарҳадӣ дар ноҳияи Зафаробод ташкил доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмон ва азхудкунии фондҳои асосии мазкур беш аз се ҳазор нафар бо ҷойҳои кории муваққатӣ таъмин гардиданд. Баробари мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур беш аз 1500 ҷойи нави доимии корӣ дар пойтахт таъсис меёбад.
Дар маҷмӯъ, давоми ҳашт моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ 983,4 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ, аз ҷумла 105,4 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 27,8 ҳазор м2 марказҳои савдо, беш аз 23,8 км таъмири асосии хатҳои муҳандисии зеризаминию ҳавоии роҳҳо, 11,6 ҳазор м2 майдончаҳои варзишӣ, 7,72 км сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо ва корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори 5 млн. дона дар як сол ба истифода дода шуданд.
Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе