«Чароғи ҳидоят»

№78 - 79 (4661 - 4662) 16.06.2023

Марказе, ки тӯли мавҷудият даҳҳо нафарро ба роҳи рост ҳидоят кардааст

7336edd3-497b-49b0-8b5c-7958bfd984d2Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 15 сол мешавад, ки донишҷӯдухтарони ятим ва бепарастор аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва хатмкунандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ройгон дар он иқомат мекунанд.

Маркази таълимии мазкур дорои 43 ҳуҷра буда, дар он 58 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумора 15 ятими кулл, 29 нимятим ва 14 нафар аз оилаҳои ниёзманд ҳастанд.

Ба ин марказ рафтем, то аз шароити зиндагӣ ва таҳсили донишҷӯдухтарон бохабар гардем.

ОМӮЗГОРОН: «БАРОИ БОШАНДАГОН МОДАРЕМ»

Холбӣ Давлатова зиёда аз шаш сол аст, ки дар муассисаи мазкур аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.

- Мо барои бошандагон модарем. Чун қисми зиёдашон ятим ва нимятиманд, доир ба тамоми паҳлуҳои зиндагӣ суҳбат мекунем. Мефаҳмем, ки онҳо ба чунин суҳбатҳо ниёз доранд, зеро меҳри модарро надидаанд, — гуфт муаллима.

Ба нақли номбурда, барои духтароне, ки хоҳиши иштирок дар дарсҳои иловагӣ доранд, маъмурият ҷадвали махсус тартиб медиҳад. Онҳо аз рӯи шавқу рағбат дар дарсҳои иловагӣ иштирок мекунанд.

Сафарбӣ Маҳмадова соли ҳаштум аст, ки дар маркази мазкур ҳамчун мураббияи шабона фаъо­лият мекунад. Ба нақли ӯ, корашон душвор ҳам бошад, дилгиркунанда нест.

- Як шаб дар миён навбатдорам. Бо гулдухтарони ин ҷо бисёр суҳбат мекунам, кӯшиш мекунам, ки ҳар чизе дар дил доранд, гӯянд. Онҳо ба ягон душвориву мамоният нигоҳ накарда, талош мекунанд, то илм омӯзанду соҳибкасб гарданд, — илова кард муаллима.

Дар муассисаи мазкур барои ёрии тиббӣ расонидан ба духтарон ҳамшираи шафқат фаъолият мекунад. Саодат Бадалова тӯли даҳ сол аст, ки дар ин ҷо кор мекунад. Ӯ саломатии бошандагони марказро назорат карда, ба онҳо бархе нозукиҳои ин касбро меомӯзонад.

- Ҳукумати мамлакат барои таҳсили духтарон тамоми шароитро муҳайё кардааст. Онҳо аз тамоми хизматрасониҳо ройгон истифода мекунанд. Духтарони мо ба қадри дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасанд ва таҳсили хуби онҳо шаҳодати ин гуфтаҳост, — афзуд Саодат Бадалова.

Бархе духтаронамон, ки ятим ё нимятим ҳастанд, дар ҳамин ҷо тӯй мешаванд. Аз хостгорӣ то тӯй ин ҷо доир мешавад.

ДОНИШҶӮЁН: «ХОНАИ ХУДАМОН АСТ»

Ситора Ташрифова донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ – тоҷикӣ таҳсил мекунад ва се сол мешавад, ки дар Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» зиндагӣ дорад.

Ӯ аз ноҳияи Рашт буда, бо сабаби камбизоатӣ дар ин марказ ҷойгир шудааст.

Соли 2019 дар сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба ман муяссар шуд, ки бо он кас суҳбат кунам. Дар ҳамон суҳбат роҳи ояндаи ман аниқ шуд ва бо дастгириву ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман соҳиби Квотаи президентӣ шудам, — гуфт номбурда.

- Дар марказ дар баробари зиндагиву хӯроки бепул, инчунин, дарсҳои иловагӣ ва умуман зиндагии хуб дорем — илова кард ӯ.

Аз курсҳои кӯтоҳмуддату касбомӯзии марказ Ситора курси пухтупазро интихоб намуда, таомпазӣ ва тарзи тайёр кардани шириниҳоро омӯхтааст. Имсол донишгоҳро хатм мекунад ва ният дорад ваъдаи ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додаашро иҷро намояд. Яъне, барои мардуми зодгоҳаш хизмат кунад.

Холдонамоҳ Шарифова донишҷӯи курси сеюми ихтисоси мусиқӣ — омӯзгории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аст. Номбурда аз шаҳраки Обигарм буда, се сол мешавад, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунад.

- Ин ҷо ҳеҷ камбудӣ надорем. Ба мисли хонаи худамон аст.

Маҳваш Ғуризода донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ буда, ятими кулл аст. Ӯ аз шаҳри Норак ба ин ҷо омадааст. То донишҷӯ шудан бо апааш зиндагӣ мекард. Ба воситаи рафиқи язнааш, ки аз фаъолияти ин марказ бохабар будааст, маълумот гирифта, баъд аз донишҷӯ шудан ба марказ қабул шудааст.

Маҳваш боварӣ дорад, ки бо ихтисоси интихобкардааш дар зодгоҳ бе мушкилӣ метавонад кор ёбад. Ӯ забоншиносӣ ва технологияҳои иттилоотиро меомӯзад, ду самте, ки кадр бекор намемонад.

Фаровон Фахриддинзода бо ихтисоси китобдор дар факултети омӯзгории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил мекунад. Ӯ нимятим буда, аз ноҳияи Айнӣ аст ва тибқи Квотаи президентӣ таҳсил дорад.

Дар марказ китобхона фаъолият дошта, Фаровон дар он ним баст кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки таваҷҷуҳи истиқоматкунандагони марказ ба китобу китобхонӣ зиёд аст ва ҳоло дар китобхонаашон 2578 нусха китоб маҳфуз аст.

Дар маҷмӯъ, «Чароғи ҳидоят» тӯли мавҷудият нафарони зиёдро ба роҳи рост ҳидоят кардааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»