Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ уқёнусеро аз маърифат мемонад, ки ғаввосони моҳир аз он дурру марворид ба даст овардаанд. Ин уқёнуси хурӯшони маърифат аз вуҷуди Мавлоно меҷӯшаду ҷаҳонеро пур месозад ва мавҷ андар мавҷу тӯфон андар тӯфон дар пайкари башар мепечад, то ӯро пок созад ва ба авҷи ҷамолу камол барад.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз инсон сухан мегӯяд, инсони вораста, озод, некманиш, некандеш, ки соҳиби дили поку беолоиш аст ва мазҳаберо, тафриқаеро намешиносад. Тамоми талоши ин инсон барои расидан ба ишқ ва роҳ ёфтан ба ваҳдати вуҷуд аст: Аз ин ҷост, ки мегӯяд:
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худою Рустами Дастонам орзуст…
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегаштгирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Инсон будан ва ба камоли одамият расидан дар меҳвари осори Мавлоно қарор дорад. Барои ӯ миллат (ба маънии имрӯзӣ) ва кеше вуҷуд надорад, ӯ танҳо инсонро меситояд. Аҳамияти бузурги осори ӯро ба назар гирифта, 24-уми майи соли равон бо Қарори ЮНЕСКО «Куллиёти Мавлоно» Ҷалолиддини Балхӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Набояд фаромӯш кард, ки дар пешбарии «Куллиёти Мавлоно» ба ЮНЕСКО Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.
Мавлоно дар дафтари сеюми «Маснавӣ» таъкид мекунад, ки барои ба камол расидан худшиносӣ лозим аст. Агар одамӣ худро нашносад, аз фузунӣ ба камӣ меафтад. Қадру манзалат ва ҷойгоҳи хешро аз даст медиҳад ва худ ба ҳайвон баробар мешавад.
Хештан нашнохт мискин одамӣ,
Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.
Хештанро одамӣ арзон фурӯхт,
Буд атлас хеш бар далқе бидӯхт.
Ба таъбири Мавлоно чор хӯ ё чор хулқи фитнаангез инсонро ба пастӣ мекашанд. Инҳо чор мурғи маънавии роҳзан ҳастанд, ки сар буриданашон беҳ аст:
Чор мурғи маънавии роҳзан,
Кардаанд андар дили халқон ватан.
Сар бибур ин чор мурғи зиндаро,
Сармадӣ кун хулқи нопояндаро.
Ин чор мурғи маънавии роҳзанро Мавлоно ба чор мурғ: бат (мурғобӣ), товус, зоғ ва хурӯс нисбат медиҳад, ки мисли чор хулқ дар вуҷуди одамон ҷой гирифтаанд. Бат рамзи ҳирс, товус — ҷоҳталабӣ, хурӯс — шаҳват ва зоғ рамзи тамаъкорӣ аст. Ин чор хӯ дар вуҷуди ҳар касе қувват гирифт, одамияташро табоҳ месозад ва ӯро аз авҷи саодат ба хоки зиллат мекашад. Мавлоно таъкид мекунад, ки одами огоҳу бедордил ин чор мурғи ғоратгарро дар вуҷуди худ хуб мешиносад ва онҳоро сар мебурад, то боғ ва кишти одамияти ӯро ғорат накунанд ва инсонияташро қурбони ҳирс, шаҳват, ҷоҳталабӣ ва тамаъкорӣ насозанд:
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мо бақӣ, ту устухону решаӣ.
Агар андешаи инсон мисли гул бошад ба гулшан мубаддал мегардад. Агар инсон мисли хор андешад, ҳосилаш гулхан мешавад. Инсон дар сари дуроҳа қарор дорад: хубӣ ва бадӣ. Хоҳад, ки зиндагиашро бо ишқу муҳаббат созад, ҳаёташро ба боғи пургулу райҳон мубаддал гардонад, хубиро интихоб мекунад. Агар хоҳад, ки аз ӯ бӯи бад ояд, чеҳрааш манфур гардад ва аз ӯ дигарон дурӣ ҷӯянд, роҳи бадро пеш мегирад:
Гар гулобӣ бар сару ҷайбат зананд,
В-ар ту чун бавлӣ, бурунат афкананд.
Ба пиндори Мавлоно халқи олам се гуна офарида шудааст. Гурӯҳи аввал дорои ақл, илм ва ҷуд (эҳсон) буда, гурӯҳи дувум донише надоранд ва мисли ҳайвон мехӯранду фарбеҳ мешаванду мехобанд. Инҳо, ба ҷуз тавилаву алаф чизеро намебинанд, дар тирабахтӣ мондаанд ва аз шараф бехабаранд. Гурӯҳи савум башаре ҳастанд, ки нимашон фаришта асту ними дигарашон хар (ҳайвон) ва нимаи аввал ба олами боло майл мекунанд ва нимаи дигар ба олами сифлӣ:
Эй дил, ту даме мутеи субҳон нашудӣ,
В-аз кори бадат ҳеҷ пушаймон нашудӣ.
Сӯфию фақеҳу зоҳиду донишманд,
Ин ҷумла шудӣ, вале мусулмон нашудӣ.
Мавлоно намунаи инсони комил аст, ки вуҷуди муборакаш саршор аз нуру покию меҳру муҳаббат. Ӯ ба мо низ пар кашидан ба авҷи хубиҳою зебоиҳоро нишон медиҳад. Барои ӯ мусалмону масеҳӣ, будоиву зардуштӣ… вуҷуд надорад, вай ба инсон арҷ мегузорад ва мақоми одамиятро аз ҳама чиз боло медонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007, ки бахшида ба 800 – солагии Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби ЮНЕСКО «Соли Румӣ» эълон шуда буд, таъкид намудаанд: «Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштааст, ки имрӯз ҳамсадои робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳост…
Беҳуда баъд аз фавти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қуния мотами умумихалқӣ барпо нашудааст, аз паси тобути ӯ издиҳоми бузурги мардуми қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун рафта, ҳар кадоми онҳо аз «Қуръон»-у «Инҷил» ва «Таврот»-у «Забур» ба арвоҳи ӯ дуову муноҷот хондаанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр кардаанд: «Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан, миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».
ВОРИС,
«Садои мардум»