Дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани шаҳрвандон аз масъалаҳое ҳаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон таъкид менамоянд. Маҳз чунин инсон мафҳумҳои миллат ва давлати миллиро дарк намуда, ба он ҳамчун унсури муқаддас муносибат менамояд. Неку бади таърихи пурифтихори миллиро меомӯзад ва аз он сабақ мегирад. Аз мансубият ба миллати бошарафи тоҷик ифтихор мекунад ва ҳамчун шаҳрванд Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлолро азизу гиромӣ медорад. Инсонҳое, ки худшиносу худогоҳ нестанд, ба қишри осебпазири аҳолӣ дохил мешаванд. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯз, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар талоши «шикор» — и гумроҳонанд, ба таҳдиди воқеии манфиатҳои миллату давлат табдил ёфтанашон имконпазир аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро «неруи созандаи Ватан» муаррифӣ намуда, нақши онҳоро дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд арзёбӣ карданд. Зикр намуданд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд». Ба чунин баҳои баланди Сарвари давлат сазовор шудани ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бешак натиҷаи заҳмату талошҳои ин қишри бедор, огоҳ ва заҳматкаши ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони худогоҳу худшиносро мебояд барои ободиву осудагии Ватан кӯшиши даҳчанд намояд, то Роҳбари мамлакат ба соҳибони ояндаи давлату миллат бовару эътимоди бештар дошта бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъкид карданд: «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз қабул гардидани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ёдовар шуда, ба Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки барои қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Масъалаи дигаре, ки Роҳбари мамлакат пайваста нигаронӣ менамоянд, шомил шудани ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад ва ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳоро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Роҳбари мамлакат дастур доданд, ки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Агар солҳои пеш чунин амалҳо масъалаи ахлоқӣ ба ҳисоб мерафт, ҳоло тавассути қонун низ танзим мешавад. Яке аз чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки 24-уми декабри соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад. Қонуни мазкур аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанаш дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир саривақтист.
Дар баробари ваколату салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, инчунин худи шаҳрвандон, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва оиларо масъул кардааст. Мувофиқи банди 3-и моддаи 11 сохтори низоми тарбияи ватандӯстӣ аз ташкилоте, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, кормандони (мутахассисон) омӯзгорӣ, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони ноболиғ ва волидайни (намояндагони қонунии) онҳо, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари амаликунандаи тарбияи ватандӯстӣ, мақомоти маслиҳатию машваратӣ ва мақомоти дигаре, ки онҳо созмон додаанд, ташкилотҳое, ки таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамоянд, иборат аст.
Дар банди 4-уми моддаи мазкур таъкид шудааст, ки «оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад».
Хулоса ин аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас на танҳо масъулият, балки вазифаи шаҳрвандии мост.
Фирдавс МАҲМАДМУРОДЗОДА,
котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе