Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Тоҷикобод иваз карда шавад:
- деҳаи Мазори Болои деҳоти Лангари Шоҳ ба деҳаи Обшорон;
- деҳаи Мазори Поёни деҳоти Лангари Шоҳ ба деҳаи Оҳангарон.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 399