Дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барномаҳои зиёди иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, таъмини раванди густариши равобити халқҳо, тақвияти амалии амнияту субот амалӣ карда мешаванд.
Доир ба ин Созмони бонуфуз ва фаъолияти густурдаи он дар минтақа хабарнигорамон бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми таърих Худойбердӣ Холиқназар мусоҳиба доир намуд.
- Хоҳиш мекардам, оид ба ҷараёни таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай чанд сухан бигӯед…
- Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) чун созмони байналмилалии минтақавӣ 15 июни соли 2001 аз тарафи роҳбарони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шароити хос таъсис ёфт. Он замон даври аввали мулоқоти сарони «Панҷгонаи Шанхай» анҷом ёфта, бояд даври дуввум оғоз мегардид. Саволе ба миён меомад, ки тафовути даври дуввуми музокира аз даври аввал дар чӣ хоҳад буд ва он ба чӣ хоҳад анҷомид? Агар даври дуввум дар бобати рушди амалии муносибот натиҷае надиҳад ва фақат такрори гуфтаҳои пешинаи сиёсӣ бошад, пас манфиати он дар чист? Далелҳои боэътимоде зарурати такони тоза бахшидан ба «Панҷгонаи Шанхай» — ро тақозо мекарданд, дар акси ҳол ин сохтор муддате ба таври ғайрикорӣ фаъолият карда, ба таври табиӣ пош мехӯрд.
Дар натиҷаи кори муваффақонаи панҷсола тарафҳо талабот ба густариши ҳамкориро эҳсос мекарданд. Баъд аз он ки сарони кишварҳои «Панҷгонаи Шанхай» соли 1997 «Созишнома дар бораи коҳиши муштараки неруҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳадӣ» — ро имзо карданд, ташаккули пояҳои ҳуқуқӣ барои таъмини амният дар минтақаҳои марзӣ анҷом ёфт ва худи мушкилоти амнияти сарҳадӣ асосан ҳал шуд.
Дар он давра таҳдиди толибони афғон ба амнияти тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ меафзуд ва аксуламал ба ин хатар вазифаи асосии ин давлатҳо гардид. Хитой, Россия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхайро ба сифати яке аз воситаҳои муҳимтарини муқобилият бо ин хатар баррасӣ мекарданд. Аз ин рӯ, кишварҳои «Панҷгонаи Шанхай» ба таъсиси созмони минтақавии ҳамкорӣ манфиатдор буданд. Албатта, чунин қарор то ҳадде таваккалӣ ҳам буд, вале аз нуқтаи назари таъмини рушди муназзаму дарозмуддат ташкили созмони ҳамкорӣ зарурат дошт ва талаботи табиии ҳамкории минтақавиро дар доираи раванди умумии ҷаҳонишавӣ инъикос мекард.
- СҲШ аз нигоҳи иҷрои вазифавӣ чӣ хусусиятҳоро дорост ва аз дигар ташкилотҳои байналмилалӣ чӣ тафовут дорад?
- Аз нуқтаи назари вазифавӣ, хусусияти хоси СҲШ аз он иборат аст, ки он гуногунтарин соҳаҳои фаъолиятро фаро мегирад. Дигар сохторҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ асосан бо фаъолияти якҷанбаинаи худ маълуманд, яъне ё созмони сиёсию иқтисодӣ ё сохтори амниятӣ мебошанд. Аммо СҲШ сохтори комплексӣ мебошад, ки ҷанбаҳои гуногуни сиёсат, иқтисод, фарҳанг, равобити гуманитарӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Хусусияти СҲШ ҳамчунин дар он аст, ки пайгирона фаъолияти худро тавсеа мебахшад. Фаъолият аз таъмини амният дар минтақаҳои марзӣ оғоз ёфта, батадриҷ ба мубориза бо терроризм, ҳамкории иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳамкории башарӣ ва ғайра гузашт. Ба ибораи дигар, вазифаи СҲШ қатъиян муқаррар нагардида, дар ҷараёни ҳамкорӣ шакл мегирад. Бинобар ин, вазифаи он дар баробари тағйироти сохторӣ инкишоф меёбад ва мутаносибан он дорои имкониятҳо барои тавсеа мебошад.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъоланд. Онҳо лидерон ва самти фаъолияти худро доранд. Масалан, лидери Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳам Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё Россия мебошад. Аммо дар сохтори он яккароҳбарӣ вуҷуд надорад. Узвияти Хитой дар ин Созмон ба он ҷанбаи тавозуни дохилиро медиҳад.
Ба СҲШ ду абарқудрат – Хитой ва Россия шомиланд, ки тақрибан баробар бузурганд. Бинобар ин, таъсири ҳар гуна давлат ба тамоюлоти сиёсии СҲШ хеле ночиз аст. Чунин ҳолат барои аъзои Созмон ва равобити байни онҳо аҳамияти бузург дорад. Дар он, амалан, тамоюл ба сӯи сиёсати давлатҳои алоҳида ва вобастагӣ аз сиёсати дохилӣ ва берунии кишварҳои аъзо вуҷуд надорад. Ин омил, махсусан барои он кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки умедворанд сиёсати мустақилонаи хориҷиро пеш баранд, муҳим аст.
Вобаста ба мураккаб гаштани вазъи ҷаҳон СҲШ имкон дорад доираи фаъолияти худро васеъ гардонад. Мисол, метавонад ҷойгузини собиқ Шартномаи Варшава (созмон барои давлатҳои лагери сотсиалистӣ) дар муқобили НАТО шавад. Зеро НАТО фаъолияти якҷониба дошта, асосан ба манфиати геополитикии Америка ва иттиҳодчиёни он амал мекунад. Дар Афғонистон низ ҳамчун неруи посдори сулҳ баҳри суботу оромии ин сарзамин кореро анҷом надод. Танҳо харобӣ овард. Аз неруи сулҳофараш дида, дар минтақа хатараш бештар аст.
Оё СҲШ минбаъд дар минтақа вазифаи кафили сулҳро метавонад ба уҳда дошта бошад?
- Бояд тазаккур дод,ки СҲШ иттифоқи давлатҳо нест. Вазифаи асосии он иборат аз ҳамоҳангсозии амали давлатҳои аъзо дар мубориза бо терроризм, инкишофи ҳамкории иқтисодӣ ва таъмини амният дар сарҳад аст. Ин Созмон вазифаи ҳамоҳангсозии сиёсати берунии давлатҳоро дар назди худ қарор надодааст. Аз соли 2004 сар карда, сохторҳои доимоамалкунандаи СҲШ ба фаъолият оғоз намуданд. Аз ҷумла 15 январи соли 2004 дар пойтахти Хитой- шаҳри Пекин Котиботи СҲШ расман ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳамзамон соли 2004 дар шаҳри Тошканд сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ба кор оғоз намуд. Дар доираи он шаш сохтори дахлдор – ҳуқуқӣ, иҷрои қонунҳо, низомӣ, ҳифзи сарҳад, корҳои дохилӣ ва амният фаъолият мекунанд. Неруҳои муттаҳида ва воситаҳои таъсиррасони ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ имконият дод, ки аслиҳаи қавӣ ва муассири мубориза бо терроризм ташаккул ёбад.
Соли 2005 аллакай равшан шуд, ки СҲШ ба як Созмони минтақавии устувор ва боэътибор табдил ёфтааст. Дар ин иртибот мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остона, ки 5 июли соли 2005 барпо гардид, қобили қайд аст. Сарони давлатҳои аъзо Эъломияи СҲШ – ро имзо карданд, Консепсияи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ ва Низомномаи намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар Сохтори минтақавии мубориза бо терроризми СҲШ – ро тасдиқ карданд. Новобаста аз саъю талоши зиёди ИМА ва Ғарб натавонистанд дар равобити Хитой ва Россия, ки асоси ин Созмонро ташкил медиҳанд, ҷудоӣ андозанд ва ё ин ду абарқудратро аз Осиёи Марказӣ канор гиранд. Баръакс, тибқи натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ ва маводи нашршуда дар матбуоти Ғарб, дар ин «набард» Ғарб шикаст хӯрд. Бинобар ин, ИМА ба тамаллуқкорӣ рӯ оварда, тақозои дарёфти мақоми давлати нозир дар СҲШ – ро кард, аммо ин хоҳиши амрикоиҳо рад шуд.
Бояд таъкид намуд, ки новобаста аз талоши фаъолонаи ИМА барои ба доираи нуфузи худ ҷалб кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони давлатҳои минтақа Россия ва Хитойро ба сифати муттаҳидони стратегии худ қабул карданд.
Дар айни замон, таъсири СҲШ дар минтақа хеле афзудааст. Масусан, машқҳои муштараки низомии кишварҳои аъзо — «Рисолати сулҳ – 2007» таъсирбахш буд. Дар он 6 500 низомиён ва 80 ҳавопаймо иштирок карданд. Тавре ки мушовири Котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Ҷануб ва Шарқ Эван Файгенбаум иброз дошт: «СҲШ он чизест, ки хуни бисёр амрикоиёнро ба ҷӯш меоварад».
ИМА аз соли 2006 сар карда, СҲШ – ро фаъолона ба ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон даъват мекард ва амалан ин Созмонро чун ниҳоди бонуфузи минтақавӣ эътироф кард. ИМА дарк намуд, ки ҳангоми тарҳрезии стратегияи дарозмуддати худ дар Осиёи Марказӣ маҷбур аст манфиатҳои дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои СҲШ – ро ба инобат бигирад.
- Дар ибтидо созмон «панҷгона» ном дошт, баъд «шашгона» шуд. Шояд ботадриҷ шумораи давлатҳои аъзои СҲШ зиёд гардад? Барои ба узвият пазируфтан чӣ гуна талабот ва шарт гузошта шудааст, бо кадом сабабҳо давлатҳо ба Созмони мазкур имкони шомил шудан надоранд?
- Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ боз будани ин Созмонро барои узвияти тарафи сеюм эълон дошт. Ин шаҳодат медиҳад, ки барои давлатҳои аъзо ҷудоии минтақавӣ ғайри қобили қабул аст. Дар Эъломия ҳамчунин ҳадафи умумии кишварҳои аъзо барои мусоидат ба пешрафти ҳар яки он бо роҳи талоши муштарак дар асоси имкониятҳои умумӣ ва муқобилаи якҷоя бо таҳдиду хатарҳо, таъкид шудааст.
Мутобиқи Низомномаи он, «давлатҳои хоҳишманди ворид шудан ба Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба минтақаи АвруОсиё тааллуқ дошта бошанд, бо тамоми давлатҳои аъзои СҲШ робитаи дипломатӣ дошта бошанд, мақоми нозир дар СҲШ ва ҳамкорӣ оид ба муколама бо СҲШ – ро дошта бошанд, таҳти муҷозоти Созмони Милали Муттаҳид қарор надошта бошанд ва даргири ихтилофи мусаллаҳона бо дигар давлат ё давлатҳо набошанд».
Мусалламан, тавсеаи Созмони Ҳамкории Шанхай бояд бо ҳаллу фасли вазифаҳои ҷанбаи ҳуқуқидошта ҳамроҳ бошад. Ба давлатҳои алоқаманд имконият диҳанд, ки бе осеб барои СҲШ ба он ворид шаванд, ҳамчунин механизми ҳуқуқии пайвастани давлатҳои нав ба ин Созмон тарҳрезӣ гардад.
Ба ақидаи мо, тамоми меъёрҳои номбаршуда дар «Низомнома дар бораи тартиби қабули аъзои нав ба СҲШ» дар назар гирифта шудаанд. Бо вуҷуди ин, кишварҳои нозир аз ин Созмон иқдомҳои мушаххастарро оид ба тавсеаи он интизоранд. Умед аст, ки дар Иҷлосияи сарони давлатҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Низомномаи нави такмилшуда дар бораи қабул ба СҲШ мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор мегирад.
- Дар асоси барнома тарҳҳои муштарак дар доираи СҲШ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом соҳаҳоро фаро мегиранд ва механизми татбиқи онҳо чӣ гуна аст?
- Бояд таъкид намуд, ки дар 27 тарҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақша ҳам кишвари иштироккунандаи муштарак ва ҳам иҷрокунандаи муштарак мебошад.
Аз чор тарҳ дар соҳаи нақлиёт, тарҳи аввалин «Анҷоми сохтмон ва навсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб — Қалъаи Хумб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма-Қарасӯ — сарҳади Хитой ва баромад ба шоҳроҳи Қароқурум» буд. Кишварҳои иштироккунанда дар ин тарҳ Тоҷикистон, Қазоқистон, Хитой ва Қирғизистон ва иҷрокунанда Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои дахлдори Хитой мебошанд. Марҳилаи аввали тарҳ соли 2009 анҷом ёфта, марҳилаи дуввум вобаста ба навсозии комили роҳ идома дорад. Тарҳи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дошт.
Дар иртибот ба ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ Тоҷикистон дар тамоми 11 тарҳи пешниҳодшуда ҳамчун иштироккунанда ва иҷрокунанда ҳисоб меёбад. Ин тарҳҳо асосан, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо роҳи мубодилаи хонандагон, донишҷӯён ва муаллимон, созмондиҳии конфронсу семинарҳои муштарак оид ба тарбияи кадрҳо, чорабиниҳои муштарак доир ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ, омӯзиши имкониятҳои тавлиди муштараки дору, техникаи тиббӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Дар мавриди рушди туризм тарҳи муштараки сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим» омода гардид.
Ду тарҳи дигар вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ, фаъолияти сармоягузорони давлатҳои аъзои СҲШ, ҳамчунин осон кардани тартиботи судури раводид (виза) ба мақсади рушди туризм дар назар аст. Татбиқи дигар барномаҳо, ки фарогири соҳаҳои гуногунанд, идома дорад.
- СҲШ бо дигар кишвару ташкилотҳои байналмилалӣ робита ва ҳамкориҳоро дар кадом сатҳ ба роҳ мондааст?
- Сарфи назар аз муҳлати на чандон тӯлонии фаъолияташ, СҲШ дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Созмони коромад ва самарабахш эътироф шудааст, ки ҳадафҳои аниқу мушаххаси худро дорад ва барои дастёбӣ ба он бо итминон пеш меравад. Созмон батадриҷ дар фазои геополитикӣ шуҳратёб мешавад, алоқаҳои байналмилалиро густариш мебахшад ва ба марҳалаи навини ҳамкории чандҷонибаи ҷаҳонӣ ворид мегардад. Дарёфти мақоми нозир дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, барқарорсозии равобити ҳамкорӣ бо Котиботи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва АСЕАН гувоҳи афзудани эътибор ва тақвияти нуфузи Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҷаҳон аст. Як қатор давлатҳои аврупоӣ ва осиёӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, монанди НАТО, САҲА ба фаъолияти СҲШ мароқ зоҳир мекунанд. Созмони Ҳамкории Шанхай ба қутби бузурги сиёсати ҷаҳонӣ бо манбаъҳои азими инсонӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад.
М. Аъзам, «Садои мардум»