Иззатписанди халқ

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

CONTENTДар шаҳри бостонии Истаравшан, ки чанд сол қабл бо дастгирӣ ва пуштибонии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 2500 -солагии хешро таври хотирмон таҷлил намуд, хиёбоне ҳаст бо номи Имомназар Худойназаров. Он аз шаҳраки Гули Сурх оғоз шуда, то ба шаҳраки Дилшод мерасад. Дар шаҳраки зебои Гули Сурх бинои зебою мунаққаши баландошёнае низ қомат афрохтааст, ки он ҳам номи ин марди бузургро дошта, иборат аз чойхонаи пурнақшу нигор ва нуқтаҳои хизматрасонист.

Ин иншооти зебою боҳашаматро фарзандони Имомназар Худойназаров бунёд ва ба шарафи қиблагоҳи худ номгузорӣ кардаанд. Дар зодгоҳи падар — деҳаи Қалъачаи Калон бошад, нимпайкараи ӯро гузоштаанд.

Имомназар Худойназаров иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, солҳои 1942-1944 дар муҳорибаҳои шаҳрҳои Волхову Ленинград мардонавор ҷангида, соҳиби якчанд ордену  медалҳои  ҷангӣ  гардидааст. Баъди анҷоми ҷанг ӯ умри бобаракати худро сарфи рушду нумуи соҳаи матлуботи тоҷик намуд.

Дар маросими ботантанаи номгузории хиёбон дар толори чойхонаи боҳашамати «Фозил-полвон»-и деҳаи Қалъачаи Калон, ки ба иди Ғалаба ва 90-солагии ҷамъияти матлуботи тоҷик рост омада буд, раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев, раиси Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Яъқуб Игамбердиев, Корманди шоистаи матлуботи тоҷик Муҳаббат Ҳомидова ва иддае аз фарзандону наберагони шодравон Имомназар Худойназаров иштирок ва роҷеъ ба кору пайкори ин марди наҷиб сухан карданд.

Имомназар Худойназаров соли 1924 дар деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна корро аз сарҳисобчии хоҷагии ҷамоавии Қалъачаи Калон оғоз кардааст. Пас аз ҷароҳати вазнин бардоштан дар корзорҳои шаҳри қаҳрамон — Ленинград ба Ватан баргашта, солҳои 1945-1948 мудири мағоза шуд. Ақлу заковат, донишу истеъдоди фитрӣ ва ҳунари баланди ташкилотчигиаш аз назарҳо пинҳон намонд ва дар андак муддат ба вазифаҳои баландтар мушарраф гардида, аз муовини раиси ҷамъияти матлуботи «Гули Сурх» то ба муовинии раиси шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), раиси ҷамъияти матлуботи шаҳри Истаравшан ва раиси Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) расид.

Қобили зикр аст, ки Имомназар Худойназаров даҳ соли расо раиси ҷамъияти матлуботи шаҳри Истаравшан ва 11 сол раиси ҷамъияти матлуботи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) буд. Таҳти сарварии ин марди кордон тайи ин солҳо дар шаҳри Истаравшан ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд даҳҳо иншооти маданиву хизматрасонӣ қомат афрохта, дастовардҳои матлуботчиён хеле назаррас ва қобили таваҷҷуҳ гардид. Даҳҳо корафтодагон аз ҷониби ин марди шариф дастгирӣ ёфта, садҳо кормандони соҳа аз кӯмаку пуштибонии ӯ бархурдор шудаанд.

Имомназар Худойназаров соли 1984 ба нафақа баромада, ба зодгоҳаш баргашт, вале дили беқарор ва пур аз муҳаббати ӯ, тану ҷони ба меҳнат одаткардааш ба соҳибаш фурсати дам гирифтану фароғат кардан ва аз давлати фарзандони сершумор давлати пирӣ ронданро надод. Ӯ то соли 1994 вазифаи раиси хоҷагии давлатии «Комсомол»- ро ба уҳда гирифта, тайи ин муддат дар ин ҷо ободкории зиёд анҷом дод.

Бо барҳамрезии Иттиҳоди Шӯравӣ, оғози ҷангу ҷидол дар Тоҷикистон, коҳиш ёфтани иқтисодиёт ва ба ранҷу мушкилӣ гирифтор гардидани одамон, Имомназар Худойназаров бо ёрию дастгирии фарзандонаш, хоса соҳибкори номӣ, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худойназаров, соли 1992 дар шаҳри Истаравшан Маркази ёрии иҷтимоӣ созмон дод.

Дар деҳаи Вогат бинои дуошёнаи иборат аз се шуъбаи хизматрасонӣ, 25 кати хоб, ошхонаю ҷои таомхӯрӣ, утоқи ёрии тиббӣ, китобхона, толори истироҳат ва варзишӣ сохта, ба ихтиёри Маркази ёрии иҷтимоӣ вогузор кард.

Ин созмони хайрия ҳоло зиёда аз 20 сол аст, ки 55 нафар коргар дошта, ба бештар аз 300 нафар ашхоси яккаву танҳо ва бесаробон хизмат мерасонад. Марказро пас аз  вафоти падар, аз соли 1994 инҷониб духтари шодравон Мавлуда Имомназарова сарварӣ менамояд. Дар марказ 55 нафар машғули кор буда, хонарӯбию ҷомашӯӣ, ҳезумкафонӣ, таъмини эҳтиёҷмандон бо маводи зарурии хӯрокаю пӯшокаро анҷом медиҳанд. Ҳамчунин 38 нафар муҳтоҷонро ҳамарӯза бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин менамоянд. Як мошинаи махсус ба пирону барҷомондагон хизмат мерасонад.

Аз Имомназар Худойназаров кору номи нек боқӣ монд. Ҳафт нафар фарзанд — панҷ духтару ду писари ӯ, ки ҳамагӣ соҳиби маълумоти олианд, бо даҳҳо набераҳо имрӯзҳо ба манфиати халқу Ватани азиз хизмат карда, номи падару бобои бузургворашонро зинда медоранд. Даҳҳо шогирдони тарбияткардаи Имомназар Худойназаров ва садҳо ашхоси аз ин марди наҷиб дастгириву пуштибонидида кори ӯро давом медиҳанд, ҳамвора зикри хайраш менамоянд.

Шоир Нозими Ҳиравӣ барҳақ фармудааст:

Иззатписанди халқ ба хорӣ намерасад,

Бо ҳар кӣ дар замона бувад, некхоҳ шав.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

                «Садои мардум»