Нақши Пешвои миллат дар ташаккули заминаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

Таҳаввулоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷомеаи мо ба фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  робита дорад. Дар бораи нақши таърихии он дар барқарорсозӣ ва таҳкими сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр асарҳои илмӣ навишта шудаанд, аммо аҳамияти бузург ва нишондоди он дар ташаккул ва рушди заминаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Тоҷикистон чун заминагузори рушди ҷомеаи муосири демократӣ, мутаассифона, то кунун ба таври комилу муфассал арзёбӣ нашудааст. Аз бисёр ҷиҳат ин масъала бо он вобаста аст, ки таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон дар бисёр асарҳои илмӣ аз мавқеъ ва диди назариявии давраи гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ озод арзёбӣ мешавад. Ин табиист, аммо ба назари мо, барои дарку фаҳмиши аҳамият ва ҷиддияти масоили рушди иқтисодӣ, ки бояд дар солҳои аввали истиқлолият ҳаллу фасл мешуданд, кофӣ нест.

А з нуқтаи назари назарияи иқтисодиёти конститутсионии бозори озод вайрон шудани асоси сохти конститутсионӣ маънои вайрон шудани асоси ҳаёти озоди иқтисодиро дорад.

Соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Форуми тоҷикони ҷаҳон таъкид намуданд, ки «Иқтисоди миллии  Тоҷикис­тон тайи ду соли охир дар натиҷаи бархӯрдҳои мусаллаҳона ва қатъ шудани иртиботи тиҷоратӣ комилан вайрон шуд ва давлат маблағи кофиро барои ҳифзи иҷтимоии мардум ва рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф  надорад». Бинобар ин, зимни арзёбии нақши Пешвои миллат дар интихоби авлавиятҳои рушди иҷтимию иқтисодии кишвар дар марҳилаи ибтидоии рушди мустақилона, ҷомеаи илмии иқтисодӣ ҳақ надорад танҳо бо забони мантиқӣ таҳаввулоти иқтисодии бозаргонӣ муҳокимаронӣ намояд.

Дар он форум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мубоҳисаҳои назариявӣ ва сиёсӣ дар дохили кишвар дар бораи рушди ояндаи иқтисоди миллӣ дар даврони пасошӯравӣ амалан хотима гузошта, чунин таъкид намуданд: «Мухолифони сиёсӣ ва тарафдорони онҳо дар хориҷа талош мекунанд, ки  ҳукумати ҳозираро айбдор намоянд, ки гӯё мо дар Тоҷикистон режими коммунистии тоталиториро барқарор менамоем. Ман бо тамоми возеҳият эълон мекунам, ки ин дурӯғи маҳз аст. Ҳадафи мо бунёди ҷомеаи рушдёбанда аст. Чунин ҷомеа бо истифодаи таҷрибаи ғании кишварҳои пешрафта ҷавобгӯи орзуи деринаи мардум аст. Воқеан, ҷомеае, ки тамоми шаклҳои моликият — давлатӣ, хусусиро  эътироф менамояд, наметавонад чун ҷомеаи коммунистии тоталиторӣ шинохта шавад. Мо зимни ташкили бахшҳои давлатӣ ва хусусии иқтисод, баробарии тамоми шаклҳои моликиятро таъмин карда, ният дорем, ки фазои озод ва мусоидро барои рушди саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо фароҳам оварем».

Соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии СММ авлавияти асосии рушди ояндаи иқтисодиёти конститутсионӣ дар кишварро дар сатҳи байналмилалӣ аниқ мушаххас сохта гуфтанд: «Мо таҳти фишори ниҳоят сахти мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ кор карда, тавонистем муҳосираи иқтисодии тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро бартараф намоем ва ба барқарорсозии иқтисодиёти миллии харобшуда ва ислоҳоти иқтисодии равонашуда ба амалисозии марҳала ба марҳалаи муносибатҳои  бозаргонӣ  оғоз  намоем».  Бад-ин тартиб, ҳанӯз дар ибтидои фаъолияташон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои назариявӣ ва амалии ташаккули муносибатҳои навини иқтисодиро аниқ мушаххас сохта, асоси рушди иқтисодиёти конститутсионӣ дар кишварро тарҳрезӣ карданд.

Мутаассифона, масъалаҳои ташаккули иқтисодиёти конститутсионӣ, яъне таъсири ҳуқуқи конститутсионӣ ба равандҳои иқтисодӣ ҳанӯз ҷойгоҳашро дар таҳқиқоти иқтисоддонони ватанӣ наёфтааст. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои пайванди инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ бо сатҳи ноилшудаи рушди конститутсионӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳуриро дар марҳалаи бунёди давлати соҳибихтиёр муайян бояд кард. Соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар самтҳои тадқиқоти назариявӣ дар соҳаи иқтисодиётро ба таври возеҳ мушаххас сохта, таъкид намуданд, ки бо дарназардош­ти воқеияти ҷаҳони муосир ва хусусиятҳои асолати миллӣ, бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳлили «самтҳо ва пешбурди раванди иқтисодӣ ва фаҳмондадиҳии механизми амалисозии иқтисоди асосёфта ба бозори озод» ҷалб шавад. Ҳамон вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавқеашонро нисбат ба плюрализми назариявӣ чунин баён намуданд: «Алҳол бисёр олимон машғули ҷустуҷӯи чунин идеологияе мебошанд, ки бояд тамоми дарҳоро ба рӯи ҷомеаи мо боз намояд, яъне имконият диҳад, ки ҳамаи  проблемаҳои мо — ҳам ваҳдати миллӣ, ҳам эҳёи иқтисод, ҳам рушди фарҳанг, ҳунар, маориф ва ғайра ҳаллу фасл шаванд. Зоҳиран, дар ин масъала такя кардан фақат ба як ақида нодуруст мебошад. Маълум аст, ки демократия наметавонад ба ҷомеа аз боло, бе дарназардошти шароити таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, миллӣ, равонӣ (психологӣ) ва анъанаҳои миллӣ таҳмил карда  шавад. Охир, демократия фақат дар шароите вуҷуд дошта метавонад, ки агар ҳокимият дар маҳдудаи қонун қарор дошта бошад».

Таҳлили илмии дақиқ ва беғаразонаи фаъолияти сиёсӣ ва иқтисодии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти кишвар ва Пешвои  миллат имкон медиҳад, ки барои «назарияи тағйирот (трансформатсия)» натиҷагирии хеле ҷиддии илмию  амалӣ  ба миён гузошта шавад. Ин натиҷагирӣ аз он иборат аст, ки назарияи муосири рушди иқтисод, ки дар ҷаҳони илм номи «Иқтисодиёти рӯ ба инкишоф» (Development economics)-ро гирифтааст, наметавонад бе такмили он бо масъалаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ рушд ёбад. Ҳамин тавр,  ба миён гузоштани  ин масъала дар адабиёти муосири иқтисодӣ амалан вуҷуд надорад, зеро назарияи «иқтисодиёти рӯ ба инкишоф» аз як тараф ба проб­лемаҳои самарабахшии тақсимоти заҳираҳо ва таъмини рушди нишондиҳандаҳои асосии хоҷагӣ (назарияи экономикӣ) машғул шуда, ҳамчунон бояд таваҷҷуҳро ба механизмҳои иҷтимоӣ ва институтсионалии  рушд  (иқтисоди институтсионалӣ),  ки дар ягонагӣ ба беҳбуди зудтари шароити зиндагии аҳолӣ дар чунин кишварҳои  рушдёбанда, монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард, ҷалб намояд.

Бисёр мушкилоте, ки замонасозии кишварҳои шомил дар категорияи  мамлакатҳои «иқтисодиёти рӯ ба инкишоф»-ро кунд месозад, барои ҷумҳурии мо низ, махсусан аз нигоҳи таҳаввулоти институтсионалӣ, хос аст. Ба ақидаи мо, маҳз ба ҳамин сабаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мушкилоти муосири кишварҳои рушдёбандаи ҷаҳон чунон нодир ва бузурганд, ки истифодаи назарияҳои стандартӣ нисбат ба онҳо манзараи ҳақиқии рушдро ошкор карда наметавонад. Ба мушкилоти дар назари аввал анъанавии иҷтимоию иқтисодӣ ва пеш аз ҳама, ба ин сабаб, ки  инкишоф дар шароити рушди заиф фақат проблемаи иқтисодӣ намебошад, равишҳои ғайристандартӣ лозиманд. Масалан, Бонки умумиҷаҳонӣ, ки дар солҳои 80-и асри XX ҳадафи инкишофро фақат рушди иқтисодӣ эълон намуда буд, соли 1991 дар «Гузориш дар бораи рушди ҷаҳон» эътироф кард, ки ҳадафи рушд беҳбуди сифати зиндагӣ мебошад. Ин сифат ҳуқуқи конститутсионии инсон, монанди таҳсилот ва ғизои беҳтар, тандурустӣ, ҳифз аз камбизоатӣ, ҳифзи муҳити атроф, баробарии имкониятҳо, тав­сеаи озодии шахсӣ ва зиндагии пурмазмуни фарҳангиро фаро мегирад. Аз ин нуқтаи назар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати шашсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ман хуб мефаҳмам, ки ҳоло зиндагии аксари сокинони ҷумҳурӣ мушкил аст. Аммо ман комилан итминон дорам, ки ба зудӣ тамоми ин нобасомониҳо пушти сар мешаванд ва  рӯзҳои неку зиндагии ором фаро хоҳанд расид». Мо шоҳиди он ҳастем, ки суханони Пешвои миллат дар ҳаёт татбиқ шуданд.

Чуноне Сардори давлат борҳо таъкид намуданд, паёмади буҳрони конститутсионӣ ва муқобилияти шаҳрвандӣ бештар ва қабл аз ҳама, ба нишондиҳандаҳои  иқтисодӣ, ки барқарорсозии онҳо новобаста аз суботи сиё­сӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, тибқи қонунҳои объективии иқтисодӣ, вақти муайянро талаб менамояд, таъсир расонид. Хусусияти ташаккули асосҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар кишвари мо низ маҳз аз ҳамин иборат аст.

Буҳрони конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, ба истифодаи захираҳои меҳнатӣ таъсир расонид, яъне бекорӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва берунӣ, шуғл дар бахши ғайриқонунии иқтисод  афзоиш ёфт. Тавре ки таърихи иқтисоди миллии бисёр кишварҳо нишон медиҳад, барқарорсозии истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва мутаносибан, амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ — яъне, ҳуқуқ ба меҳнати шоиста, ҳамеша ҷанбаи дарозмуҳлатро дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат доимо ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ чун яке аз самтҳои муҳими амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ ба меҳнат, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Муносибати таърихӣ ба таҳлили ташаккули асосҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, вақте ки асоси ҳуқуқи конститутсионии субъектҳои иқтисод барқарор мегардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи буҷети фавқулодаи давлатӣ» (соли 1993), «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» (соли 1993), «Дар бораи индексатсияи даромадҳо» (соли 1994), «Дар бораи сохтмони манзили шахсӣ» (соли 1994), «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил» (соли 1995), «Дар бораи фаъолияти иқтисодии берунӣ» (соли 1994), «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» (соли 1995), «Дар бораи буҷети давлатӣ» (солҳои 1995, 1996, 1997), «Дар бораи Бонки миллӣ» (соли 1996), «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» (соли 1997), «Дар бораи консенсия» (соли 1997), Кодекси замин (соли 1996),  Кодекси манзил ва меҳнат (соли 1997) ва ғайраро имзо карданд.

Вақте ки давлат имкони аз нигоҳи конститутсионӣ таъмин кардани кафолати озодии иқтисодӣ, чун принсипи асосии иқтисодиёти конститутсиониро ба даст овард, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зерин ба имзо расиданд: «Дар бораи Палатаи савдо» (соли 1998), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф» (соли 1998), «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти  иқтисодии  берунӣ» (соли 1999), «Дар бораи муҳоҷират» (соли 1999), Кодекси шаҳрвандӣ (соли 1999) ва Кодекси об (соли 2000), «Дар бораи  энергетика ва нақлиёт» (соли 2000), «Дар бораи арзёбии замин» (соли 2001), «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (соли 2002), «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд» (соли 2002), «Дар бораи лизинги молиявӣ» (соли 2003), «Дар бораи кафолати пасандозҳои шахсӣ» (соли 2003), «Дар бораи мусоидат ба шуғл» (соли 2003), «Дар бораи муфлисшавӣ» (соли 2003), «Дар бораи пешгӯии давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ» (соли 2003), «Дар бораи муассисаҳои давлатӣ» (соли 2004), «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (соли 2004), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (соли 2004),  Кодекси андоз ва гумрук (соли 2004) ва ғайра.

Ба туфайли иродаи қавии сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон марҳилаи фаъоли шаклгирӣ ва рушди асосҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҷанбаи комилан нави сифатиро ба худ гирифт. Баъд аз қабул ва амалисозии «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудем. Дар давраи амалисозии стратегияи мазкур, инчунин, стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон, камбизоатӣ зиёда аз ду маротиба коҳиш ёфта, рушди иқтисодии устувор 7 фоиз таъмин гардид. Илова бар ин, суботи макроиқтисодӣ ба даст омада, таварруми пул коҳиш ёфта, даромади аҳолӣ хеле боло рафт.

Солҳои 1997 — 2016 дар ҷумҳурӣ 150 барномаи рушди соҳавӣ ва 47 барномаи рушди минтақавӣ таҳия гашта буд. Татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар ин давра боиси 3,5 маротиба зиёд шудани (ММД) Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Маҷмӯи маҳсулоти хоҷагии деҳот 3,7 маротиба, ҳаҷми боркашонӣ бо ҳамаи намуди нақлиёт — 2,1, интиқоли мусофирон — 5,2, ҳаҷми гардиши моли чакана — 5,3 ва хизматрасониҳои пардохтшаванда ба аҳолӣ — 9,7 маротиба, ҳиссаи депозитҳои аҳолӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 0,2 фоиз то 10,0 фоиз афзуд.

Ба шарофати татбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ то соли 2015 даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ ба 18 миллиард сомонӣ расид. Даромади аҳолӣ 25 маротиба ва пасандози бонкӣ 85 маротиба зиёд гардида, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар соли 1991 то ба 358 ва дар соли 2015 то 2100 адад расид. Барои баланд бардош­тани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бо маҳсулоти соҳа таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо фармонҳои Сарвари давлат ба аҳолии кишвар 75 ҳазор гектар замин ҷудо гардида ин ташаббус имконият дод, ки талаботи аҳолӣ ба аксар маҳсулоти зарурӣ қонеъ гардонида шавад. То соли 2015 дар доираи татбиқи ҳазорҳо лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 млрд. сомонӣ (8,1 млрд. доллари амрикоӣ), инвеститсияҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, 27,5 млрд. сомонӣ (3,5 млрд. доллари амрикоӣ), инвеститсияҳои мустақим, ки ба соҳаи энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, таҳсилот, хоҷагии деҳот, ирригатсия ва инфрасохторҳои дигар ҷалб карда шудаанд, равона карда шуда буд.

Дар натиҷа, то соли 2015 бештар аз 2 ҳазор км роҳҳои автомобилгард, 190 км роҳи оҳан, 240 пул ва бештар аз 30 км нақбҳои мошингард ба маблағи умумии 11,4 млрд. сомонӣ ба истифода дода шуд.  Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ расид. То соли 2015 дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бештар аз 36 млрд. сомонӣ барои сохтмон ва ба истифода додани объектҳои муҳим — иншооти хурд ва миёна оид ба коркард ва интиқоли неруи барқ ҷалб шуд. Инчунин, низоми ягонаи энергетикии кишварро таҳия намуда, бештар аз 1300 мВт неруи истеҳсолкунанда ба истифода дода шуд.

Тоҷикистон барои беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ба арсаи байналмилалӣ баромад. Ба шарофати ин Тоҷикистон тибқи Гузориши «Пешбурди тиҷорат» аз лиҳози дастгирии бахши хусусӣ аз соли 2009 то 2016 беш аз 30 зина боло рафт. Тоҷикистон се маротиба ба ҳайати даҳгонаи кишварҳои ислоҳоткор ворид гаштааст, ки дар раванди мазкур саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Соли 2015 бо супориши Сарвари давлат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардид. Дар стратегияи мазкур вазифа гузошта шудааст, ки сустии иқтисодиёти миллӣ аз таҳдидҳои потенсиалии дохилӣ ва берунӣ, инчунин, аз ҷустуҷӯву коркарди механизмҳои самаранок ва манобеи рушди устувори иқтисодиёти минтақаҳои кишвар дар асоси дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва муҳити соҳибкории созгор бартараф карда шавад.

Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии рушди кишварро, ки ҷавобгӯи ормон ва манфиатҳои мардуми Тоҷикистон мебошанд, муайян намуданд — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат.

Дар марҳалаҳои аввали татбиқи стратегияи нав суръати миёнаи солонаи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,2 фоиз шуд, ки он ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика аз 5600 то ба 6100 МВт аз ҳисоби ба кор андохтани неругоҳи барқӣ (300 МВт) ва ду агрегати НБО «Роғун» (200 МВт) афзуд. Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ беш аз 2 миллион тоннаро ташкил дод, ки ин дар таърихи Тоҷикистон нишондиҳандаи баландтарин аст. Нишондиҳандаи пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ 67,4 фоизро ташкил дода, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 22,9 фоизи соли 2016 то 26,0 фоиз дар соли 2019 зиёд шуд. Шумораи корхонаҳои муштараки амалкунанда беш аз ду баробар, ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшуда аз кишварҳои хориҷӣ 1,3 баробар афзуд.

Давомнокии миёнаи умр аз 73,6 соли соли 2015 то ба 75 сол дар соли 2019 афзоиш ёфт, ки дар натиҷаи коҳиши фавти умумӣ аз 4,0 то 3,6 ба 1000 нафар аҳолӣ асос ёфтааст.

Аммо таъсири манфие, ки дар натиҷаи паҳншавии COVID-19 ба вуҷуд омадааст, дар соли 2020 боиси коҳиши суръати рушди иқтисоди миллӣ то 3,7-4,2 фоиз гардид. Дар чунин шароит Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти миллӣ»-ро қабул намуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардид, ки дар он бо назардошти вазъи кунунии паҳншавии бемории нави сироятӣ, дар муддати кӯтоҳ ва миёна вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд, ки ба коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 нигаронида шудаанд. Имрӯз метавон эътироф кард, ки ибтикори Роҳбари мамлакат дар давраи душвори бемории сироятии COVID-19 дар маҷмӯъ самараҳои мусбат оварданд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар 23-юми декабри соли 2022 махсус қайд гардид, ки «сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд». Бо назардошти татбиқи принсипи асосии иқтисодиёти конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин зикр карданд: «Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд. Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад».

Таърих гувоҳ аст, ки азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияти таҳлили амиқи назариявии вазъияти дохилӣ ва берунӣ, афкори бикр ва иҷрои барномаҳои пешбинишударо дар шароити хеле мураккаби воқеияти иҷтимоӣ таъмин намуд. Фаъолияти Пешвои миллат имконият медиҳад, ки аз воқеияти имрӯза илман натиҷагирӣ шавад, ба ин асос моделҳои гуногуни назариявии иқтисодӣ омода гардида, дар таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик ҳамчун мактаби махсуси идоракунии Пешвои миллат эътирофу арҷгузорӣ шавад.

САИДЛ. САИДМУРОДЗОДА,

мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,

узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ

 

ДИЛШОДД.  ҶАЛИЛЗОДА,

котиби илмии Институти иқтисодиёт ва

демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 

номзади илмҳои иқтисодӣ