Ташаккулдиҳандаи низоми бисёрҳизбӣ

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

ED_SHeMWwAAfmakҲаводиси солҳои навадуми қарни ХХ мардуми Тоҷикис­тони тозаистиқлолро ба дарёфти қувваи нави сиёсӣ, ки тавониста бошад хашми рақибон ва бадбинии онҳоро нисбат ба якдигар хомӯш намояд, водор намуд. 

Б о таъсири маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ», ки бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳанӯз дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ташкил гардида буд, оғози солҳои навадуми қарни ХХ дар минтақаҳои гуногуни кишвар маҳфилҳои «Ошкоро», «Дирафши Ковиён», «Эҳёи Хуҷанд», ҷунбишу созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Самарқанд», «Суғдиён», «Бохтар», «Ҳисори Шодмон», «Зарафшон» ва ғайра таъсис ёфтанд, ки асосан аз манфиатҳои маҳалҳои алоҳида ҳимоят менамуданд. Зиёд будани чунин созмону ҷунбишҳои сиёсӣ дар солҳои аввали соҳибис­тиқлолии кишвар авзои сиёсиро боз ҳам муракаббтар намуд.

Дар ин бобат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-уми декабри соли 1992 таъкид карда буданд: «На танҳо вилоятҳои том, балки ноҳияҳову қишлоқҳо ҳам аз якдигар роҳи ҷудоиро меҷустанд. Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ғайра арзи вуҷуд карданд, ки сарфи назар аз ниятҳои неки худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд».

Баъд аз нокомиҳои зиёд ба вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро баргузор намоянд.

Пас аз вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд шудани Акбаршоҳ Искандаров, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ ­Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани аксарияти овозҳо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он давра ҳамзамон Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт, интихоб гардиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Муроҷиатномаашон ба халқи шарифи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 чунин таъкид намуда буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул — гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

9-уми марти соли 1996 Аҳдномаи ризоияти миллӣ дар Тоҷикис­тон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии мамлакат ва 32 ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои миллию фарҳангӣ имзо шуд ва он заминаи мусоид барои таъмини сулҳ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ гардид.

Мақсади асосӣ, чунонки дар матни аҳднома зикр шудааст: «ба вуҷуд овардани бунёди иттиҳоди иҷтимоиву сиёсӣ ва миллии халқи тоҷик ва дигар халқҳо барои ин ки барпо намудани ҷомеаи  кушода, озод ва чандандеша дар Тоҷикис­тон имконпазир ояд» ба ҳисоб мерафт.

Дар аҳдномаи мазкур раисони ҳизбҳои сиёсии амалкунанда — Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (Ш. Шабдолов), Ҳизби халқии Тоҷикистон (А. Достиев), Ҳизби навсозии сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон (Т. Абдураҳимов),  Ҳизби шаҳрвандии ватандӯстии Тоҷикистон «Иттиҳод» (Б. Маҳмадов) ва Ҳизби демократии Тоҷикистон (Ҳ. Абдураззоқов) имзо гузоштанд.

Дар давоми як моҳ иловатан аҳдномаи мазкурро беш аз 50 ҳизбу созмон имзо карданд.

Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш менамуд, ки мухолифони тоҷикро водор намояд, то даст аз ҷангу хунрезӣ бардошта, ба ҳаёти осоишта баргарданд.

Маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, марҳилаи нави созандагиву ободонии кишвар шурӯъ гардид.

14-уми июли соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тадбирҳои иловагии иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расида, дар ин замина қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба истиқрори сулҳу суботи комил дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

18-уми июли соли 1997 таъсис ёфтани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сулҳ ва осоиштагии ҷомеаро тақвият бахшид.

Ҳарчанд дар оғози солҳои соҳиб­истиқлолии Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ (аз ҷумла террористии наҳзати ислом) бо роҳнамоии хоҷагони хориҷӣ мехостанд зимоми давлатдориро ғайриқонунӣ ба даст гиранд, хушбахтона ноком шуданд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, барқарории сулҳу суботи комил, қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми бисёрҳизбиро муайян менамояд, имконият фароҳам омад.

Метавон гуфт, ки шарти асосии рушди низоми демократӣ, ки бисёрҳизбӣ яке аз рукнҳои муҳими он аст, сулҳу суботи комил буда, дар Тоҷикистони соҳиб­истиқлол бо ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат барои шаклгирии он имконияти мусоид фароҳам аст.

Баъд аз имзои ин санади муҳим фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, се ҳизби дигар — Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (соли 2002), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2005) ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон (соли 2005) таъсис ёфта, ­фаъолияти назаррас доранд.

Ҷамшед ОБИДЗОДА,

унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон