Замони муосир на танҳо бо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳою ҳамкориҳои байналмилалӣ ва равандҳои глобализатсионӣ, балки бо авҷгирии муқовимат, тезутундшавии муносибатҳо ва бархӯрди манфиатҳо фарқ мекунад. Ҳамзамон, тамоюли муосири глобализатсионӣ бештар хусусияти таҳмил намудани ғарбикунонии тафаккуру фарҳанги давлатҳои шарқӣ ба назар мерасад, ки нигоҳдории истиқлолияту анъанаҳои давлатҳои ҷудогонаро дар вазъияти геополитикӣ мушкил менамояд. Дар чунин вазъият барои кишварҳои ҷудогона нигоҳ доштани на танҳо истиқлолияти давлатӣ, балки ҳастии миллату фарҳанг ҳамчун масъалаи тақдирсоз аст.
Давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳои худ стратегияҳои гуногунро истифода мебаранду дар ин «муколамаҳо» давлатҳои хурд, новобаста аз хоҳишашон, ворид мешаванд ва баъзан дар муайян намудани иродаи худ комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба давлатҳои хурд омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки истиқлолияту манфиатҳои худро ҳимоя намоянд. Яке аз чунин омилҳо захираҳои табиӣ ва мавқеи географӣ мебошад, аммо баъзан ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешаванд. Сиёсати байналмилалии муосир раванди яктарафаро интихоб намудааст, ҳақиқат дар дасти тавоноҳо мешавад. Дар раванди бозиҳои геополитикӣ танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ ва ҳисси ватандӯстӣ мавҷуд мебошад, истиқлолияти худро ҳифз карда метавонад. Мутаассифона, равандҳои глобализатсионӣ мафҳуму моҳияти ватандӯстиро хеле танг намудаанд ҳарчанд имрӯз ҳам мафҳуми ватандӯстӣ дигар нашудааст. Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, мафҳуми сиёсӣ, миллӣ ва давлатӣ буда, рисолати мураккаб, ҳамарӯза, пурмазмун ва якҷоя — барои ояндаи ҳар як шахс ва ояндаи давлату миллат мебошад. Ватандӯстӣ поя, такягоҳи ҷомеа ва давлат буда, рушди он ба манфиати ҳар як инсони солимфикр, шаҳрванд ва ватандӯст мебошад.
Тарбияи ватандӯстӣ дар замони муосир бояд меҳвари муоширати тамоми васоити маҷозӣ, сомонаҳо ва тарбияи ахлоқӣ гардад. Дар баробари ин, вазъи кунунии иртибототи иҷтимоӣ — фарҳангӣ ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида бо як хосияти ниҳодӣ фарқ менамояд. Мафҳуми ватандӯстӣ дар анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ ва соҳаҳои гуногуни донишҳои башардӯстона тафсири нобаробар мегирад.
Шоҳид будем, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX халқи тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон бо хавфи пошхӯрии миллӣ ва барпо намудани давлати динӣ дучор омад. Дар ин ҷо эҳсоси ватандӯстӣ, ки ҷавҳари ғояи миллӣ аст, ба тоҷикон имкон дод, ки миллатро аз харобшавӣ ҳифз намуда, яке аз рисолати ғояи миллӣ — ҳифзи миллат аз таҳдидҳоро амалӣ созад. Аз ин сабаб ғояи миллии тоҷикон дар шакли олии назариявӣ ва методологӣ, яъне дар мафкураи миллӣ бо номи ваҳдати миллӣ таҷассум ёфт.
Дигар омили тарбияи ватандӯстӣ ин тарбияи эҳтиром ба амали қонунҳо мебошад, зеро асоси ҳама гуна парокандагӣ ин кор накардани меъёрҳои қонун аст. Мисоли равшани ин, ҳама намуди ҷанг аст, ки сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат мегардад. Набояд дарси фоҷиабори ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистонро фаромӯш намоем ва ҳамеша дар бораи пайдошавии омилҳои барангезандаи ин ҷанг ва натиҷаҳои харобовари он ёдрас намуда, ҳушёрии сиёсиро нигоҳ дорем.
Албатта, ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдории худро дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиии қавму миллатҳо ва манфиатҳои онҳо мавҷуданд ва онҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккури гуногун ва боиси пайдоиши анъанаҳои гуногун мешавад. Ҳар миллат қонун ва санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва хусусияти миллии худ таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, оқибати нохуш дорад.
Дар замони муосир бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳар як давлат бояд як модели давлатдории худро интихоб намояд. Албатта ин ба бозингарони абарқудрати минтақаҳои сиёсӣ маъқул намешавад, лекин ин ягона роҳе барои нигоҳ доштани миллату давлат мебошад. Танҳо бо дастгирии тамоми узви ҷомеа, ватандӯстӣ ва баланд будани сатҳи худшиносии миллӣ, ин ва ё он давлат суботу якпорчагии худро нигоҳ дошта метавонад. Ҳамчун ғояи беҳамто, асосӣ ва фаромиллии мо, ин эҳтиром ва ҳифзи таърих, анъана ва расму оинҳои мо аст, ки ғояи миллӣ дар он асос ёфтааст.
Ватандӯстӣ барои ҳар як инсон ва ҷомеаи мо дар ҳаёти ҳаррӯза, дар ҷаҳоне, ки хатару чолишҳои зиёд вуҷуд дорад, ки дар байни онҳо майли ҷаҳонии беқадршавӣ ва аз байн бурдани сарҳадҳо, миллатҳо, фарҳангҳо ва анъанаҳои мавҷуда вуҷуд дорад, барои ҳар як инсон ва ҷомеаи мо як давои боэътимоди фардӣ ва миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавононро чунин тарбия намоем, ки ватандӯстиро ҳамчун пайванди мустаҳками байни наслҳо, интиқоли таҷрибаи ҳаётӣ, кори муштарак намунаи ибрат дарк намоянд.
Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳу сифати донишу маърифати ҷавонон равона шудааст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлат дар симои насли наврас такягоҳи боэътимод, неруи созандаи давлати соҳибистиқлоламон, бинокорони ояндаи давлату миллатамонро дида, ба неру ва иқтидори ҷавонони ояндадор боварӣ зоҳир менамоянд. Ҳоло иштироки фаъолонаи ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар чорабиниҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ бештар эҳсос мешавад. Ин далели он аст, ки насли нави истиқлолият дорои неруи фавқулода, истеъдод ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки ҷавонони кишвар сатҳи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва тафаккуру ахлоқи худро ҳамчун ватандӯстони ҳақиқӣ такомул медиҳанд. Имрӯз ба шарофати истиқлолият ва сулҳ дар Тоҷикистон барои таҳсилу фаъолияти ҷавонон шароити мусоид фароҳам шуда, аҳамияти илму дониш торафт меафзояд. Ин моҳияти рушду нумӯи халқу миллатҳо гардидааст, зеро тавоноии давлату миллатро сатҳи донишу маърифат муайян мекунад. Миллате, ки ба илму дониш, фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, ояндадор, тавоно ва мутамаддин аст. Тараққиёти тамоми соҳаҳои хаёти мамлакат ва дараҷаи некуаҳволии халқ, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш ва маҳорати касбии ҳар як аъзои ҷомеа вобаста аст.
Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони ватандӯст дар давоми 32 соли истиқлолияти давлатӣ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро ояндаи давлату миллат ва неруи пешбарандаи ҷомеа ва манбаи стратегии давлат медонанд. Президенти кишвар дар Паёмашон аҳамияти аввалиндараҷаи ҳалли масъалаҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷавононро таъкид кардаанд. Дар шароите ки вазъият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз печидатар мегардад, таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра қувват мегирад, ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва ҳамеша барои ҳифзи сулҳу оромӣ омода бошанд, устувории сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои давлату миллати хешро авлотар гузоранд.
Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ арзишҳо гуногун мешаванд: динӣ, дунявӣ, демокративу миллӣ, аммо барои нигоҳ доштани якпорчагии Ватану суботи ҷомеа ватандӯстӣ ва ваҳдат омилу арзиши ягона мебошанд.
Дар шароити ҳозира ҳам дар мазмуни падидаи Ватан ва ҳам дар муносибат ба он бисёр унсурҳо тағйир меёбад. Дар мавриди Тоҷикистон пас аз истиқлолияти давлатӣ гуфтан мумкин аст, ки дар якчанд рӯз Ватан аз ҷиҳати мазмун ба куллӣ тағйир ёфт ва пас аз ба ваҳдат расидан ҳамчун давлати моҳиятан дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, миллӣ ва фарҳангӣ рушд намуд.
Бо назардошти он ки қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо мақсади ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон» таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ шуд, ки асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии раванди тарбияи шаҳрвандон ва муайян кардани нақш, ҷой, масъала, вазифаҳои ҳар як мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун унсури таркибии системаи ягонаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур на танҳо барои пурзӯр намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, балки ба ҷалби тамоми шаҳрвандон ба корҳои тарбиявии марбут ба ватандӯстӣ равона шудааст.
Хулоса ин аст, ки ҳар як шаҳрванд бояд ба Ватан софдилона хизмат кунад, зеро мафҳумҳои ватандӯстӣ ва бетарафӣ ҳеҷ гоҳ бо ҳам алоқаманд буда наметавонанд.
Насиба СОДИҚӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор