Рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ

№96 (3242) 15.08.2014

Бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳадафи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид ва чун шакли давлатдорӣ аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пазируфта шуд. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвандад ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро эътироф намоянд.

Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб гашта, 10 боб ва 100 моддаро  дар бар мегирад ва хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро таҷассум ва моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаро  ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид ва тибқи моддаи 6-уми он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.

Меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунад. Тавре маълум аст, соли 1991 пеши назари мардум дар Парлумони онвақта борҳо ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи сиёсӣ хизмат намуда, боиси барканоршавии Роҳбари собиқи давлат гардида буд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар тибқи моддаҳои 98, 99, 100-уми боби 10-уми он танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад ва ягон ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.

Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ташкил медиҳад. 34 моддаи Конститутсия, яъне сеяки он ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гашт, дар ин ҷанба онро такмил дод ва пурра сохт. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, хуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Масъалаи забони миллӣ ва рамзҳои давлат ҳалли худро ёфтанд. Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯйи принсипи таҷзияи он муайян кардааст.

Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи Конститутсия, баъди баҳсҳои зиёд, ду лоиҳаи Конститутсия таҳия гардид ва дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият Конститутсияи ҷумҳурии президентиро тарафдорӣ карданд. Дар давоми бист соли амали Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64). Президенти кишварро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд. Ба салоҳияти Президенти ҷумҳурӣ муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъсис ва барҳам додани вазоратҳо, аз ҷумла таъйин ва аз вазифа озод намудани судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва дигар ваколатҳо дохил мешаванд.

Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Моддаи 87-уми Конститутсия муқаррар намудааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имконияти пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Дар замони шуравӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа танҳо ҳизби коммунистӣ амал менамуд, арзи вуҷуд кардани аҳзоби дигарро Конститутсия манъ мекард. Дар Конститутсияи нав яккаҳизбӣ аз байн бурда шуд ва принсипи бисёрҳизбӣ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳашт ҳизби сиёсӣ амал менамоянд. Моддаи 12-уми Конститутсия дар кишвар таъмин намудани муносибатҳои бозаргонӣ ривоҷи соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро ифода мекунад. Мувофиқи Конститутсия дар мамлакат ваҳдат ва ризоияти миллӣ барқарор шуд ва тағйиру иловаҳои соли 1999 давлатдории тоҷиконро комилтар сохт.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ баръало мушоҳида гардида, зина ба зина дар устувории принсипҳои миллии давлатдории навини тоҷикон,  яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос мегардад.

Манзура Раупова, сардори бахши назорати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон