23-юми июни соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар мавзӯи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони сохторҳои марбута иштирок карданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иброз намуд, ки аз солҳои аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувори соҳаи чорводорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон, барои пешбурди соҳаҳои кишоварзии мамлакат заминаи ҳуқуқии зарурӣ фароҳам гардид.
Таҳлили «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» нишон медиҳад, ки дар панҷ соли татбиқи барнома корҳои муайян амалӣ гардидаанд. Қабули қонунҳои мукаммал, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва дастгирии давлатии соҳаҳои чорводорӣ барои мутобиқсозии фаъолият ба талаботи нави хоҷагидорӣ мусоидат намуданд. Мушкилиҳо асосан ба истифодаи захираҳои хӯроки чорво, хушзоткунӣ, инноватсия рабт доранд.
- То ҳол талаботи хоҷагиҳо бо зотҳои сермаҳсули чорвою паранда пурра қонеъ нагардидааст. Бинобар ин, чорвои зотӣ дар таркиби саршумори умумӣ 30-35 фоизро нисбат ба талабот ташкил медиҳад. Умед дорем, ки тавсияҳои иштирокдорони муҳокимаи парламентӣ барои бартараф кардани камбудиҳо мусоидат хоҳанд кард, — таъкид намуд Қодири Қосим.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов қайд кард, ки «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2018 — 2022» татбиқи чорабиниҳо барои пешбурди амалиёт барои беҳтарсозии фаъолият дар парвариши чорвои калон, гӯсфанду буз, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, мусоидат барои ба соҳаҳои рушдёбанда табдил додани қутоспарварӣ, асппарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, парвариши занбӯри асал, рушди чарогоҳҳо ва биотехнологияи чорворо дар бар мегирад. Дар ин самт корҳои назаррас амалӣ шуданд, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорводориро дар панҷ соли охир таъмин намуд. Эътироф бояд кард, ки то ҳол имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда намешаванд. Нотиқ чунин хулоса кард: «Имкониятҳо барои ба соҳаи рушдёбанда табдил додани чорводорӣ ба таври кофӣ мавҷуданд. Зарур аст, ки истифодаи онҳо бо назардошти ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ шавад.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода аз он қаноатмандӣ кард, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии кишоварзон, истифодаи оқилонаи замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фаровонии бозор вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд.
Номбурда дар идома гуфт, ки «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 таҳти №160 ба тасвиб расидааст. Дар давраи татбиқи барнома бо истифодаи маблағи буҷет ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, саршумори чорвою паранда, оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, гӯшти паранда, шир, тухм, моҳӣ ва асал, зиёд гардид.
Соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 2543,9 ҳазор сар ва моли майда ба 6295,9 ҳазор сар расида, дар ин давра 349,1 ҳазор тонна гӯшт ва 1064,2 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст. Нисбат ба давраи қабули барнома (соли 2017) саршумори чорвои калон 226,7 ҳазор сар (9,8 фоиз), моли майда 714,5 ҳазор сар (13 фоиз), истеҳсоли гӯшт 100,4 ҳазор тонна (40,3 фоиз) ва шир 114,3 ҳазор тонна (12 фоиз) зиёд гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар қиёс ба панҷ соли пеш воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар 19,4 маротиба коҳиш ёфт.
Бо истифодаи имтиёзҳои додашуда дар давраи амалишавии барнома барои беҳтар намудани зоти чорво, ташкили фермаҳои нави чорводорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир аз хориҷи кишвар 17732 сар чорвои хушзот ворид шуд, ки нисбат ба нишондоди барнома 2,1 маротиба зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар давраи амалишавии барнома шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 218 расид, ки 3,3 маротиба зиёд мебошад.
Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода дар баробари комёбиҳо аз камбудиҳо ёдовар шуд. Бо овардани далелҳои мушаххас номбурда тавсия дод, ки дар оянда барои роҳ надодан ба камбудиҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» бояд дар мадди назар бошад.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода чунин иброз намуд: «Новобаста аз зиёд гаштани саршумори чорво, сифат ва маҳсулнокии онҳо беҳбудиро талаб мекунад. Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2022-юм 24,1 млрд. сомониро ташкил дода, аз он 6,7 млрд. сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ин рақам шаҳодат медиҳад, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳа маблағи зиёд равона мешавад. Зарур аст, ки бо дастгирии олимони соҳа, истифодаи навгониҳои илмӣ дар амалия метавонем маҳсулнокии соҳаро зиёд намоем. Ин саҳми муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, ғанӣ гардонидани бозорҳо, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад».
Пас аз саволу ҷавоб ва музокираҳо қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул шуданд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ