Дар ин замина марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодиёт шурӯъ хоҳад гашт
Бисту дуюми июни соли равон бо тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалиёти нақдӣ завол ёфт.
Тибқи фармони мазкур, аз 1 — уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Илова бар ин, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ мегардад.
Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 — уми августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд.
Ба ғайр аз ин, сохторҳои зикршуда бояд ҳамгироии инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдиро барои қабули хизматрасониҳои музднок то 1- уми августи соли 2023 таъмин карда, бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯйӣ намоянд.
Таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ низ вазифае ба ҳисоб меравад, ки ба зиммаи сохторҳои зикршуда якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур аз Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар маншаъ гирифтааст. Зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буданд, ки: «Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд».
Қобили зикр аст, ки афзалият додан ба пардохти ғайринақдӣ солҳои охир дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Барои мисол, шашуми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Ҳарчанд он вақт бархе аз воситаҳои ахбори омма муҳимияти онро сарфи назар карданд, вале қонуни мазур нуктаҳои хеле муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дошт. Бахусус, иловаҳои ба моддаи 615-уми кодекс воридгардида таваҷҷуҳбарангез аст. Моддаи 615-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо, ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд».
Масъулин зимни шарҳи ин иқдом, аз ҷумла гуфтанд, ки «тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 бо мақсади таъмини талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз 31 — уми декабри соли 2014 таҳти № 815 вобаста ба насб ва истифодаи терминалҳои электронӣ барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешбинӣ гардидааст.
То қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар меъёрҳои амалкунандаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодаи кортҳои пардохтӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нагардида буд. Бинобар ин, иловаи пешбинигардида минбаъд барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима муқаррар намуд.
Дар нишастҳои матбуотии Вазорати молия чандин маротиба ба масъалаи мавриди назар дахл карда будам. Эътироф бояд кард, ки посухи масъулини ин вазорат барои огоҳии бештари ҷомеа аз бартариҳои ин намуди пардохт мусоидат кард. Қобили зикр аст, ки дар ҳама нишастҳои матбуотӣ вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо далелҳои раднопазир муҳимияти тавсеаи пардохти ғайринақдиро бозгӯӣ карда буд. Пешниҳоди имтиёз ба соҳибкорон барои насби терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдою хизматрасонӣ низ ба номбурда мансуб аст.
Номбурда 24-уми июни соли ҷорӣ мухтасар гуфт, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин замина марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодиёт шурӯъ хоҳад гашт.
НИГАРОНӢ АЗ НАБУДАНИ ПОРТАЛИ ЯГОНА ВА ЗАИФИИ ИНФРАСОХТОР
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода 23-юми июни соли ҷорӣ зимни шарҳу тавзеҳи фармони мазкур минҷумла зикр кард, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ, болотар рафтани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Вусъати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту харҷ мегардад.
Бино ба гуфти номбурда, то қабул гардидани фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам шудааст. Аз ҷумла, бо қабул шудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 — юми ноябри соли 2018 таҳти №565 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро таъмин намудаанд.
Бар замми ин, бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, «Интернетбонкинг», пардохтҳо тавассути POS-терминал ва QR-рамзро мавриди истифода қарор доданд
Маълум гардид, ки то 31 — уми майи соли 2023 аз ҷониби низоми бонкӣ зиёда аз 5,7 млн. корти пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 млн. адад расид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 63 фоиз зиёд мебошад.
Барои хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳои пардохтӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 POS-терминал ва 19 708 адад QR-рамз фаъол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 9,2 ва 34,5 фоиз зиёд мебошанд. Ҳоло ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд аст.
Раиси Бонки миллӣ мутмаин аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омодаанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд.
Ба андешаи Ҳоким Холиқзода, мушкилоти асосӣ набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ мебошад.
- Вобаста ба ин дар фармони зикршудаи Президент муқаррар гардидааст, ки то 31-уми декабри соли 2023 портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъол шавад. Боварӣ дорем, ки то муҳлати муқарраршуда инфрасохторе, ки шаффофияти пардохти хизматрасонии давлатиро таъмин менамояд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари масъул созмон дода мешавад, — гуфт раиси Бонки миллӣ.
«АМОНАТБОНК»: «ОМОДАГӢ ҶИДДИВУ ДУРНАМО НЕК АСТ»
Омода намудани инфрасохтор барои дар сатҳи хубу сифати баланд татбиқ намудани фармони мавриди назар дар филиал, марказҳои хизматрасонии КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва биноҳои нозироти андоз 853 POS- терминал насб шуд.
Раиси Раёсати КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ 23-юми июни соли ҷорӣ ёдовар шуд, ки қаблан дар 372 нуқта қабули маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ имконпазир буд. Илова бар ин, дар ҳама марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои «Амонатбонк» барои пардохти ғайринақдӣ бо истифода аз «Корти миллӣ» шароит фароҳам буда, шахсони воқеӣ ва соҳибкорон метавонанд 11 номгӯи андоз ва зиёда аз 300 намуд пардохтҳои ҳатмиро супоранд. Маълум гардид, ки барои идора намудани равандҳои марбут ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироӣ бо вазорату идораҳо барномаи нави «Фронт-офис» мавриди истифода қарор гирифтааст. Вазорату идора ва ташкилотҳои давлатӣ метавонанд аз утоқи шахсӣ дар барнома истифода бурда, пардохтҳои қабулшударо назорат намоянд. То 22- юми июни соли 2023 шумораи умумии нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ва шахсони воқеӣ, ки дар онҳо QR-рамз насб шудааст, мутаносибан ба 1095 ва 1 422 адад расид. Бо мақсади тавсеа бахшидани хизматрасониҳои фосилавӣ дар замимабарномаи «Амонатмобайл» низ имконияти пардохти 11 намуди андоз ва хизматрасониҳои коммуналӣ фароҳам шуда, теъдоди истифодабарандагони он 384433 нафар ва гардиши маблағ 1 303 140 203 сомониро ташкил намуд.
Навгонии дигари бонкӣ, ки ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва фаврии мизоҷон такони ҷиддӣ мебахшад, ин «Интернетбонкинг» барои шахсони ҳуқуқӣ мебошад. То ин вақт 7 919 корхонаву ташкилот ба он пайваст шудаанд.
АЗ 5 БА 275 МИЛЛИОН СОМОНӢ, ИН КУҶОВУ ОН КУҶО?
-Аз даҳаи сеюми моҳи март инҷониб тавассути постерминалҳои зикршудаи «Амонатбонк» зиёда аз 275 млн. сомонӣ маблағҳои андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва коммуналӣ қабул ва ба буҷети ҷумҳурӣ интиқол шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи март ин нишондиҳанда ҳамагӣ 5 миллион сомониро ташкил медод, — афзуд Сироҷиддин Икромӣ.
Зикр гардид, ки Маркази протсессингии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» ба 26 ташкилоти қарзӣ хизмат расонида,он маркази ягонаи коркарди транзаксияҳои молиявии кортҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Барои хизматрасонии саривақтӣ 164 ҳазор корти «Фарогир» ба мизоҷон дастрас шуда, мизоҷон бо истифода аз кортҳои мавҷуда низ метавонанд ба таври ғайринақдӣ пардохтҳоро анҷом диҳанд. Иттилоъ гирифтем, ки дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 237 ва дар бахши хусусӣ 620 POS- терминал насб шудааст, ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути онҳо то 20- уми июни соли ҷорӣ 23,6 млн. сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 28,4 фоиз зиёд мебошанд.
САФАРБАРСОЗИИ МАСЪУЛИН БАРОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ
Бино ба гуфти Сироҷиддин Икромӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии бонк, ки сарпарастони филиалҳои бонк мебошанд, ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ду марҳила аз 27- уми апрел то 6- уми май ва аз 1- уми май то 6- уми майи соли 2023 сафарбар гардида, бо иштироки масъулини сохторҳои давлатӣ, фаъолони шаҳру деҳот, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд. Иловатан, аз ҳисоби кормандони масъули бонк гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, шурӯъ аз 25- уми май ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд, то тартиби гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро ба мардум фаҳмонида, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намоянд.
Дар баробари таблиғу ташвиқи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар, дар саҳифаҳои бонк дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Инстаграм», «Телеграм» ва сомонаи расмӣ — www.amonatbonk.tj низ фаъолият муассир аст. Месазад ёдовар шавем, ки Маркази тамос (1885) 24 соат фаъол буда, оид ба фаъолият, навгониҳо, шабакаи таҷҳизоти терминалӣ, қоидаҳои истифодаи кортҳои пардохти «Амонат-мобайл», «Интернетбонк» ба мизоҷон маълумоти муфассал дода, дар ҳолати зарурӣ мусоидат менамоянд. Барои омӯзиши истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва воситаҳои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ (бонкдории мобилӣ, POS-терминал, QR-рамз ва ғайра) дар байни кормандони Раёсати бонк, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дарс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин, волонтёрон низ ба ин раванд ҷалб шуда, дар тарғибу ташвиқи пардохти ғайринақдӣ саҳмгузоранд.
СИТОИШ, НИГАРОНӢ ВА ТАЪКИД
Сироҷиддин Икромӣ ҳамгироии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро бо «Амонатбонк» вобаста ба масъалаи мавриди назар ситоиш намуда, аз бетафовутии баъзе ниҳод нигаронӣ кард. Ҳарчанд номбурда бо риояи назокат вазорат ё кумитаву ташкилотеро ном набурд, вале ашхоси огоҳ медонанд, ки киҳо ва чаро ба тавсеаи пардохти ғайринақдӣ ҳавасманд нестанд.
-Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба ҳама вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳатмӣ буда, бояд онҳо пойгоҳҳои иттилоотӣ, феҳристи хизматрасонӣ ва равзанаи ягона таъсис диҳанд, -таъкид кард раиси Раёсати КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».
РИСОЛАТИ КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ ПУЛНАҚДКУНӢ НЕСТ
Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд.
Вале ба ҳеҷ ваҷҳ мавҷудияти таъдоди зиёди кортҳои пардохтӣ маънои тибқи талаботи мавҷуда истифода гардидани онҳоро надорад. Мушоҳида мешавад, ки қисмати зиёди кортҳои пардохтӣ танҳо рисолати пулнақдкуниро ба ҷой меоранду халос. Шоҳиди он ҳастем, ки дар фарҷоми моҳ назди банкоматҳо шаҳрвандон навбат истода, маблағ нақд мекунанд. Ҳарчанд ки барои мунтазам гирифтани маблағ имкон фароҳам аст, вале ҳама кӯшиш менамоянд, ки якбора маблағи корти хешро «холӣ» кунанд. Ҷойи пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд.
Ҳамватанон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи мақсадноки корти пардохтӣ бартарии зиёд дорад. Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои молиявӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории амонат (депозит) имконпазир аст. Сониян, барои дорандагони чунин корт зарурати ба худ гирифтани маблағи зиёди нақд пайдо намешавад. Кифоя аст, ки банкомат ё POS — терминалро пайдо намуда, дар доираи хизматрасониҳои барои корти пардохтӣ пешбинишуда маблағи заруриро, ки дар ҳисоб мавҷуд аст, гиранд. Ин омил ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.
Бар замми ин, густурда гардидани пардохти ғайринақдӣ ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бемайлон рушдёбанда кумак мерасонад.
Ба андешаи инҷониб, омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи Сингапур доир ба ин масъала, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ёдовар шуданд, ба манфиати кор аст. Далелҳои дастрасшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба шарофати иқдомоти мақсадноки амалишуда дар муддати кӯтоҳ пардохти ғайринақдӣ дар ин кишвар ба кори муқаррарӣ табдил ёфта, ҳатто пардохти роҳкирои таксӣ бо ин усул сурат мегирад.
Дар маҷмӯъ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба маънои том таҳрикбахши рушди соҳа аст, ба шарте ки масъулин шавқу завқ дошта бошанду рисолату ваколаташонро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намоянд.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири «Садои мардум»