Нақши ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи пиряхҳо

№92 (4675) 14.07.2023

52764389752_4a1de31af2_o — копияЗимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси СММ, ки аз 22-юм то 24-уми марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид карданд, ки дар давоми Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об – ҳифзи пиряхҳо, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз тарафи СММ соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуда, минбаъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» таҷлил карда мешавад. Мутобиқи қатънома, СММ таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли он Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро барои ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Инчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба масъалаҳои хифзи пиряхҳо баргузор мегардад, ки дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ-­умумиҷаҳонӣ, таълимӣ-тарбиявӣ ва амалӣ дорад.

Сарчашмаи асосии таъмин гардидани аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшокӣ ин пиряхҳо ба ҳисоб меравад, аммо шиддати тағйирёбии иқлим ба ин манбаи об таъсири зиёд расонида, шуморае аз онҳоро аз байн бурда истодааст. Чунончи, дар натиҷаи гармшавии иқлим аз 14 ҳазор пиряхи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1000 пирях об шудаанд. Агар то ибтидои асри ХХ ёздаҳ фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ ҳашт фоиз ва дар интиҳои асри гузаш­та ба шаш фоиз расид. Агар раванди мазкур густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то як километ­ри мураббаъ масоҳатдошта пурра нобуд гардида, майдони зери ях қарордошта 20-25 фоиз кам мешавад.

Тоҷикистон аз рӯи шумораи пир­яхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳарчанд пиряхҳо ҳамагӣ 6-8 дарсади қаламрави кишварро ташкил диҳанд ҳам, садҳо километри мукааб оби тозаро захира мекунанд. Қисми асосии пиряхҳо дар ҳудуди баландтарин қуллаҳои ҷумҳурӣ – Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино ҷойгиранд. Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон рӯдхонаҳои Амударё ва Зарафшонро, ки оби онҳо ба кишварҳои поёноб – Ӯзбекис­тон, Туркманистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешаванд, бо оби тоза таъмин мекунанд. Бузургтарин пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар Тоҷикис­тон ҷойгиранд. Тибқи иттилои «Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон», баландии пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд, ба 7400 метр аз сатҳи баҳр мерасанд. Пиряхҳои калонтарини Тоҷикис­тон дар ҷойи пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Дарвоз, Пётри 1 ва Ванҷу Язгулом ҷойгиранд. бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ — Федченко аз ҳамон ҷо сарчашма мегирад. Дар маҷмӯъ, 18 намуди пирях мавҷуд аст, ки қисми асосии онҳо ба шарқи кишвар рост меояд.

Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон ва 20-уми март «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад. Аз нимаи дуюми садаи XX мушкилоти глобалии экологӣ, ба монанди тағйирёбии иқлими Замин, олудашавии ҳавои атмосфера, вайроншавии қабати озонӣ, ифлосшавии оби Уқёнуси ҷаҳонӣ, камшавии захираҳои оби нӯшокӣ, вайроншавии сохтору таркиби сатҳи хок, коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ, ҷойивазкунии экосистема ва таназзулёбии ландшафтҳо, рӯз то рӯз мураккаб мегарданд.

Аз таҳлилҳои гидрометеорологие, ки солҳои 1970-2015 гузаронида шудаанд, бармеояд, ки ин тамоюл боиси камшавии масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо ва афзудани офатҳои табиӣ гардидааст. То ҳол раванди тағйирёбии иқлим дар қиёс ба фарзияҳои гуногун аз нигоҳи илмӣ хулосабарорӣ карда нашудаанд.

Тоҷикистон дар тӯли соҳиб­истиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист вобаста ба масъалаи марбут ба обу иқлим ва экология, ки яке аз мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ба ҳисоб мераванд, мавқеъ ва нуфузашро ҳамчун мамлакати ташаббускори ғояҳои башардӯстона устуворона нигоҳ дорад ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ба ҳайси кишвари пешсаф саҳми муносиб гузорад.

Александр Пиров, муҳандиси Маркази яхшиносии оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул аст. Ӯ гуфт: «Пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул қарор доранд. Барои пешгирии ин раванд коре кардан қариб ғайриимкон аст – иқлим зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад ва инро пешгирӣ кардан номумкин аст. Бояд пиряхҳоро назора кард. Барои намуна аз калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ – Федченко метавон мисол овард, ки дар Помир ҷойгир аст. Он замоне се маротиба бузургтар буд ва дарозиаш то Лахш (ноҳияи наздимарзии Тоҷикис­тон бо Қирғизистон) мерасид. Баъдан раванди обшавии он сар шуд ва ҳоло дарозиаш ба 70 км мерасад, баъди даҳсолаҳо бошад, 2 километри дигар кам мешавад». Ба гуфти Пиров, нақши асосии гидрологии пиряхҳо ташаккул додани маҷрои дарёҳои бузурги кишвар мебошад. Ҳарчанд ҳиссаи оби пиряхҳо дар маҷрои солонаи дарёҳои бузург ба ҳисоби миёна чандон бузург нест ва 10-20 дарсадро ташкил медиҳад, аммо нақши пиряхҳо дар ин раванд ниҳоят муҳим мебошад. Пиряхҳо моро бо об таъмин мекунанд ва ин сарвати асосӣ аст. Гузашта аз ин, ин раванд, маҳз дар моҳҳое анҷом мешавад, ки кишвар ба об хеле ниёз дорад, яъне дар мавсими тобистону тирамоҳ. Вақте дар кӯҳҳо барф об мешавад, навбати пиряхҳо мешавад – онҳо дар ҳаҷми кофӣ ба водиҳо об медиҳанд. 80 дарсади обе, ки аз пирях­ҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешаванд, тавассути дарёҳои Зарафшон, Амударё ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамсоя мераванд. Пиряхи Федченко дар Бадахшон ҷойгир буда, ба даҳгонаи бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон шомил мешавад. Он қариб 50 шохоб дорад, ки баъзеашон бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд (Бивачий, Наливкин, Витковский). Масоҳати он ҳамроҳ бо тамоми шохобҳояш 651,7 километри мураббаъ ва дарозии он 77 километр мебошад.

Яхшиносони тоҷик даҳсолаҳост, ки ба омӯзиши пиряхи Федченко машғуланд ва тавре маълум шудааст, он ҳаракат мекунад. Дар давоми тақрибан 40 соли мушоҳидаҳо маълум шуд, ки суръати миёнаи солонаи ҳаракати ин пирях аз 63 то 89 см дар шабонарӯз тағйир карда, ба ҳисоби миёна 73 см дар шабонарӯзро ташкил медиҳад. Яъне, вақте шумо ин матлабро мутолиа мекунед, бузургтарин пиряхи минтақа чанд миллиметр ҳаракат мекунад. Бино ба иттилои охирин, давоми 30 соли охир Федченко беш аз 3 километр масоҳатро аз даст дода, сатҳи он 50 метр паст фаромадааст.

Яхшиносони тоҷик маълум кардаанд, ки боз як пиряхи бузурги дигар – Зарафшон ҳам ба таври қобили таваҷҷуҳ кам шудааст. Аз соли 1960 то 2019 миқёси камшавӣ ё ақибнишинии он 4,8 километр­ро ташкил додааст.

Иқлимшиносони тоҷик арзёбии таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистонро анҷом додаанд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шуд, ки шурӯъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Бино ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар, чӣ дар водиҳо дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр ва чӣ дар кӯҳҳо дар баландии аз 2500 метр, боло рафтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда мерасонад. Ин тамоюл дар баландкӯҳҳо низ, ки қисми асосии пиряхҳо ва барфҳои кишвар ҷойгиранд, мушоҳида мешавад. Агар дар соли 1950 ҳарорати миёнаи солона дар ин ҷойҳо дар сатҳи -2,1 дараҷаи селсия буд, пас дар соли 2020 он то 0,9 дараҷа боло рафтааст.

Сармутахассиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикис­тон Абдурашид Тағойбеков сабаби гармшавии ҳаворо дар Тоҷикистон ба раванди тағйирёбии глобалии иқлим рабт медиҳад. Номбурда тағйирёбии босуръати иқлимро ҳалқаи сарбастае меномад, ки инсонҳо бо роҳи рушди саноатсозӣ, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи нафт, газ ва ангишт ба он таъсир мегузоранд.

Президенти Шӯрои Аврупо дар солҳои 2014 – 2019 Доналд Туск ба нақши ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, қайд кардааст: «Иқдомҳои пайдарпайи ҷониби Тоҷикистон беназиранд, зеро кишваре, ки дорои чунин манбаъҳои бузурги табиӣ мебошад, худро дар канор нагирифта, барои ҳалли мушкилоти сокинони сайёра ғамхорӣ мекунад».

Хулоса, нақши ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти умумиинсонӣ ва умумибашарӣ дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо беандоза калон буда, ҳалли он дар арсаи байналмилалию ояндаи рушди ҷаҳон, таъмини оби нӯшокии тоза ба аҳолии сайёра аҳамияти таърихӣ-умуми­ҷаҳонӣ ва илмӣ доранд. Олимон, мутахассисони соҳаи об ва ҳифзи ­пиряхҳо бояд дар ҳифзи пиряхҳо саҳми худро гузоранд.

Абдулфаттоҳ РАҲИМОВ,

профессор, ноиби ректори бахши таълимии МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров»,

Сафар ЭРКАЕВ,

номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров»