Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ваҳобзода А.

№93 (4676) 19.07.2023

аз 18 июли соли 2023, №321, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ваҳобзода Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН