Рӯзи ҳаштум аст, ки савту навои даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ — «Андалеб-2014» дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев танинандоз аст.
Ин навбат ҳаваскорони шаҳри Кӯлоби бостонӣ маҳорати хешро пешкаши ҳаводорони санъат гардониданд. Иштирокчиён маҳсули ҳунарҳои миллии дастӣ, аз қабили гулдӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, маҳсулоти заргарӣ, сарулибоси нақшӣ, ороишот барои хона, зарфҳои чӯбин ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштанд.
Садои дутор, рақси таннози гулдухтарон бо либоси чакан ва дигар анъанаҳои миллӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза мебахшид.
Минбари ин чорабинии фарҳангиро маҳсули дастранҷи ҳунармандону косибон зинати хосса бахшида буд. Корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Кӯлоб маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба тамошо бароварданд. Кишоварзону маорифчиён низ дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ фаъолияти хуб нишон доданд.
Зинаи дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2014»-ро барномаи консертӣ ва рақсу суруду таронаҳои дилошӯб ташкил намуд. Дастаҳои ҳунарӣ бо барномаҳои рангину хотирмон рӯҳияи аҳли толорро баланд бардоштанд. Дар ҷараёни намоиши барнома ҳунару истеъдоди санъаткорони ҷавон ба хубӣ мушоҳида мешуд.
Аз рӯйи ҳамаи шартҳои озмун ҳунармандон фаъолона ширкат варзида, бо такя ба санъати миллӣ дар рақсу суруд, навозиши асбобҳои миллӣ, байтбараку саломдиҳӣ ва намоиши либосҳои миллӣ муваффақ гардиданд. Аз ҳар як жанри пешниҳодшуда таъриху тамаддун ва зиндагии мардум дар гузашта ва имрӯз баръало эҳсос мегардид.
Он бегоҳ тамошобинон бо хотири болида аз толори филармония берун шуданд.
Умед аст, ки аз байни ин ҳаваскорон оянда ромишгарон, раққосон ва сарояндаҳои баркамол ба воя мерасанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»