Тавре аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бармеояд, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Мувофиқи он Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ бояд инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1-уми августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд.
Хабарнигори рӯзнома бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни иҷрои ин Фармони Сарвари давлат бо мудири Филиали №15-и бонки мазкур дар шаҳри Турсунзода Музаффар Мирализода ҳамсуҳбат шуд.
- Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз ҷониби кормандони Филиали №15-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳри Турсунзода миёни аҳолии деҳот бо кормандони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва корхонаву идораҳои шаҳр корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуд.
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки доираи васеи сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии шаҳр оид ба сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ машварат гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолии шаҳраку деҳот, мутахассисону кормандони ташкилоту идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.
Филиали №15-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода дорои 19 POS-терминал дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, 7 POS-терминал дар марказҳои савдо ва 7 QR-рамзҳо аз «Амонатбонк» мебошад. Ба 41873 мизоҷ тариқи кортҳои пардохтӣ хизмат мерасонад, ки аз ин шумора 26167 нафақахӯри ҳифзи иҷтимоӣ, 268 нафақахӯри ҳифзи ҳуқуқ, 7873 корманди корхонаву ташкилот ва 7565 шахси воқеӣ мебошанд. Дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба шаҳрвандоне, ки кортҳои пардохтӣ доранд, тавассути замимабарномаи «Амонатмобайл», барномаи «Фронт-офис» ва барномаи «Интернетбонк» хизматрасонӣ мешавад.
Аз оғози соли равон то имрӯз беш аз 2700 шаҳрвандро бо кортҳои пардохтӣ ройгон таъмин кардем ва кор дар ин самт идома дорад. Шаҳрвандоне, ки корти фарогир надоранд, онҳоро низ мувофиқи хоҳишашон бо корт таъмин карда истодаем. Айни замон беш аз 65 фоизи аҳолии шаҳри Турсунзода бо кортҳои зикршуда таъминанд.
Мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки то 1-уми августи соли 2023 иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи хубу сифати баландтар ба роҳ монем.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»