Маъюбӣ нокомӣ нест

№93 (4676) 19.07.2023

1023726359_0_0_2866_1621_2072x0_60_0_0_eb0b1fb06a2f22178ddb93c38a893378 — копияБарои дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, мас­ъулин дар ин самт тадбирҳои суд­манд меандешанд.

Соли ҷорӣ барои ­сох­т­­мони бинои истиқоматии панҷошёнаи Комбинати нобиноён 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, ҳоло дар шаҳри Ҳисор 5107 нафар шахси маъюб, аз ҷумла, маъюбони гурӯҳи якум — 742, дуюм — 2277, сеюм – 934 ва то 18-сола 1154 нафар умр ба сар мебаранд.

Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Абдураҳмон Ҳайбуллоев, барои беҳтар намудани шароити моддию иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаю танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4483 оилаи камбизоати шаҳри Ҳисор кумакпулии яквақта дастрас шуд.

Номбурда, инчунин иброз дошт, ки: бо кумаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, соҳибкорон ва фаъолони шаҳр ба 3849 маъюб кумаки моддию молиявӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, Рамазон, Қурбон расонида, 18 маъюб бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин шуданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

 «Садои мардум»