Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ» дар ҷумҳурӣ калонтарин барои беморони рӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар муассисаи мазкур 505 нафар нигоҳдорӣ ва табобат карда мешаванд.
Барои шиносоӣ бо шароити беморон ва фаъолияти табибон ба муассисаи мазкур рафтем.
УСУЛИ КОР ДАР БЕМОРХОНА ЧӢ ГУНА АСТ?
Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ» он беморонеро қабул мекунанд, ки бо роҳхати мақомот меоянд. Дар он шахсони аз 18 — сола боло табобат мегиранд. Доруҳое, ки барои беморон лозим мешавад ройгон ҳастанд, вале на ҳамеша басандаанд. Бино ба гуфти муовини директори муассисаи мазкур Лутфулло Гулов, кам нестанд нафароне, ки ба наздикони беморашон доруворӣ меоранд.
Ҳоло дар беморхона зиёда аз 70 фоизи беморон доимӣ қарор доранд. Қисме барои ҷомеа хавфноканд, бархеро пайвандонашон намегиранд ва боз ҳастанд шахсоне, ки мехоҳанд беморонашонро аз ин ҷо гиранд, вале барои нигоҳубин шароит надоранд.
Бемороне, ки барои ҷомеа хавфноканд дар ҳуҷраҳои махсус бо панҷара нигоҳ дошта мешаванд.
«Аслан беморонро хабар гирифтан хуб аст, вале дар кори мо ин паҳлуи манфӣ ҳам дорад. Бемороне ҳастанд, ки пас аз дидорбинӣ бо аҳли оила ва хешу табор худро бад ҳис мекунанд, оромишро аз даст медиҳанд. Ҳастанд бемороне, ки бо дидани наздиконашон худро беҳтар ҳис мекунанд».
Бархе ба хабаргирии беморонашон меоянду баъзеҳо суроғ намекунанд», — изҳор дошт Лутфулло Гулов.
Ташхис ва табобат дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ» комплексӣ буда, дар он на танҳо равонпизишк, балки табиби бемориҳои асаб, пӯст, занона, дарунӣ, ҷарроҳ ва табиби гӯшу гулӯю бинӣ фаъолият мекунанд. Инчунин, ба беморон ёрии дандонпизишкӣ расонида мешавад.
Беморхона дорои озмоишгоҳ мебошад, ки дар он таҳлили хун, пешоб, фазла, инчунин аз рӯи нишондод таҳлили RW ва таҳлил барои муайян намудани қанди хун гирифта мешавад.
Дар давоми бистарӣ будан беморон бо ҷои хоб, се маротиба хӯроки гарм таъмин мебошанд. Маблағе, ки барои хӯрокворӣ ва доруҳо ҷудо мешавад, кам аст, вале ҳоло шароит ҳамин қадар аст.
Илова бар ин, ҳафтае ду-се маротиба аз ҷониби шахсони саховатманд барои беморон хайрия дар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ оварда мешавад.
ДАР СУҲБАТИ ТАБИБ
- Ин ҷо на танҳо бароямон ҷойи кор, балки хона аст. Мо дар ин муассиса дар баробари кор, зиндагӣ ҳам мекунем. Бо беморон тавре муносибат мекунем, ки моро бегона наҳисобанд, — ба суҳбат оғоз кард мудири шуъбаи занонаи муассисаи мазкур Гулнора Рӯзибоева.
Ӯ аз соли 2004 то ҳоло дар ин беморхона фаъолият дорад. Мегӯяд, ки солҳои аввал кор бо беморон душвор буд.
Ҳамсуҳбати мо мудири шуъба аст, вале аз сабаби норасоии кадрӣ чанд вазифаро иҷро мекунад ва барои пешрафти кору беҳтар шудани ҳолати беморон кӯшиш менамояд.
- Баъзан донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ меоянд, вале намехоҳанд пас аз хатм ин ҷо кор кунанд, — гуфт Гулнора Рӯзибоева.
НИГАРОНӢ ВА ПЕШНИҲОД
Дар беморхона 15 табиби бемориҳои рӯҳӣ фаъолият доранд. Аз ҳамшираҳои тиббӣ 34 нафар дорои дараҷаи олӣ, 14 нафар дараҷаи якум ва 26 нафар дараҷаи дуюми тахассусиро доро мебошанд, ки ин 78 фоизро ташкил медиҳад.
Маоши миёнаи духтурон 966,85 сомонӣ, ҳамшираҳои тиббӣ 637,45 сомонӣ ва парасторон 529 сомониро ташкил менамояд.
Аз норасоии кадрӣ директори муассиса Хуршед Қунғуротов нигаронӣ карда, гуфт, ки бо вуҷуди сафи довталабон ба соҳаи тандурустӣ аз меъёр зиёд будан, барои табобати беморони рӯҳӣ дар кишвар 200 табиб намерасад.
- Мо мушкили кадрӣ дорем. Соли 1990 дар беморхонаи мо 144 табиб буд, ҳоло 15 нафар аст. Ба ҳолати имрӯза дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Ванҷ, Хоруғ, Дарвоз, Мурғоб, Ишкошим, Рошқалъа ва 13 ноҳияи вилояти Хатлон умуман табиб барои беморони рӯҳӣ нест. Шояд сабаб кам будани маош бошад.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки шумораи беморони рӯҳии дар қайдбуда 50 ҳазору 762 нафарро ташкил медиҳанд ва барои ин қишри ҷомеа бештар табиб лозим аст. Ӯ пешниҳод кард, ки хуб мешавад агар ҳамасола барои ихтисосҳои лозимӣ низ квотаи президентӣ ҷудо карда шавад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»