Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик Ҳасан Исматзода, феълан дар ноҳия сокинони 7 деҳа барқи доимӣ надошта, баъзе оилаҳо аз панелҳои хурди офтобӣ истифода мебаранд.
Номбурда гуфт, ки дар деҳаҳои зикршуда аз 5 то 32 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд.
- Соли гузашта бо қувваи худӣ дар якҷоягӣ бо сокинон як деҳаро бо барқ таъмин кардем. Барои кашидани хатти барқ маблағи калон лозим аст, ки онро надорем. Деҳаҳои мазкур аз нуқтаи зеристгоҳи барқӣ масофаи 18 то 30 километр дур ҷойгир мебошанд. Дар баробари деҳаҳои зикршуда дар ноҳия боз деҳае ҳаст, ки дар он ҷо ду хоҷагӣ умр ба сар мебаранд, — гуфт Ҳ. Исматзода.
Қарзи истифодаи неруи барқ, симчӯбҳои куҳнаю фарсуда, надоштани маводи зарурӣ, аз ҷумла равғани трансформатор, сӯзишвории дизелӣ, симчӯбҳои оҳану бетонӣ ва техникаҳои корношоям, аз мушкилоти дигари Шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти дастрасгардида, айни замон дар ноҳия 16 ҳазору 919 пояҳои чӯбин ва зерпояҳои оҳану бетонӣ мавҷуд аст, ки 3 ҳазору 522 ададаш пояҳои фарсуда мебошанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»