«Тоҷикистон дар самти шарқӣ ҳамсояшарики бузург дорад ва рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ дар Осиё медонад».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014)
Муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду кишвари дӯсту ҳамҷавор 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Асоси заминаи шартномавӣ- ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро 200 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.
Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 11 марти соли 1993 ба имзо расидааст, яке аз санадҳои асосгузори ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Пойдевори заминаи шартномавӣ- ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкурсии сиёсии он Созишнома оид ба ҳамҷавории нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 15 январи соли 2007 дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст, маҳсуб меёбад.
Имрӯз таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Хитой яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.
Дар тӯли 22 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ сафарҳои гуногунсатҳ, пеш аз ҳама, сатҳи олӣ, робитаҳои кории намояндагони ду кишвар, ки аз майли Тоҷикистону Хитой барои рушди ҳамкориҳои ояндадор дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ- тиҷоратӣ, илмӣ- техникӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ бармеоянд, ниҳоят зиёд буданд.
Хитой ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст. Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулоти ду кишвар соли 2013 аз ду миллиард доллари амрикоӣ зиёд буд.
Ширкатҳои зиёди бонуфузи хитойӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолият карда истодаанд.
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ фаъолият дорад. Ҷаласаи навбатии ин Комиссия 2- 5 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд.
Бо мусоидати молиявӣ ва техникии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим татбиқ гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо сохтмони роҳи автомобилии Душанбе- Чаноқ ва нақбҳои Шаҳристон, Шар- Шар ва Чормағзак, хатҳои барқгузари баландшиддати 500 кВ «Ҷануб- Шимол» ва 200 кВ «Лолазор- Хатлон»- ро метавон номбар кард. Дар тайи шаш соли охир ҳаҷми сармоягузории Хитой ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба 500 млн. доллари ИМА расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин робитаҳои неку самарабахш баҳои баланд дода, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Йи, аз ҷумла чунин таъкид дошт: «Миёни мақомоти сатҳи олӣ ва баланди Тоҷикистону Хитой боварии амиқи дуҷониба, дӯстии самимӣ ва дастгирии ҳамдигар ташаккул ёфтааст ва мо ин ҳолатро гиромӣ медорем».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Йи дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оянда низ идома меёбанд. Вазир, аз ҷумла кашидани лӯлаи гази Туркманистон- Хитой тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Хитой барои солҳои 2015-2020 ва иҷрои дигар тарҳҳои пурарзишро хотиррасон намуд. Робита миёни сохторҳои низомӣ ва қудратии ҳар ду давлат дар самти нигоҳдории амну суботи минтақавӣ низ хеле қавӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, ҳар ду кишвар дар соҳаи маориф босамар ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ҳоло дар 112 мактаби олии Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз ду ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Дар Маркази Конфутсий (шаҳри Душанбе) донишҷӯёни зиёди тоҷикистонӣ забони хитойӣ меомӯзанд.
Ҷониби Хитой барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ташкил менамояд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои омӯзиши забони хитойӣ мавҷуданд. Шаҳрвандони Хитой низ дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил доранд.
Дар баробари ин, Тоҷикистону Хитой дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъолонаро ба роҳ мондаанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»