Суғд: Масъалаҳои ҳалталаб зиёданд

№95 (4678) 24.07.2023

14 — уми июли соли 2023 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода оғоз ва сипас муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи аввали соли равон маърӯза кард.

Бино ба гуфти ӯ, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 12 млрд. 106,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардидааст.

Кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 4 млрд. 201,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,0 фоиз таъмин карданд.

Ҳамзамон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаш моҳи аввали соли 2023 ба андозаи 107,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2099,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 146,8 миллион сомонӣ зиёд аст.

Хол Ҳайдар доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, занону кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ низ маълумот дода, қайд кард, ки ба соҳаҳои иҷтимоӣ чун ҳарвақта таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, маблағҳои зарурӣ равона карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба оқибмонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноат дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Гулистон изҳори нигаронӣ кард, ки бо ин сабаб ба буҷети вилоят 670 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст. Номбурда аз раванди татбиқи лоиҳаҳо ва шикояти мардум аз норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстон ва ноҳияи Зафаробод эроди ҷиддӣ гирифт.

- Дар сохтори барқтаъминкунӣ, бо вуҷуди гузаронидани ислоҳот, фаъолияти бенизоме рӯи кор омадааст, ки боиси нигаронии кишоварзону обрасонҳо шудааст. Картошкапарварони ноҳияҳои Шаҳристону Деваштич аз ҳисоби қатъ кардани қувваи барқ 5 миллион сомонӣ зарар дидаанд. Вазифаи шумо — масъулони назорати барқ танҳо аз қатъ кардани интиқоли қувваи барқ иборат нест, — изҳори нигаронӣ кард раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар ҷаласаи фаъолон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иштирок кард ва нисбат ба фаъолияти масъулони соҳаи барқтаъминкунӣ нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб зиёданд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»