Аз нишастҳои матбуотӣ

Қудрат ДАВЛАТЗОДА: «Теъдоди донишҷӯён коҳиш ёфт»

№96 (4679) 28.07.2023

Кудрат ДавлатзодаДар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки 27-уми июли соли равон доир гардид, ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода изҳор намуд, ки солҳои охир теъдоди донишҷӯёни донишгоҳ  коҳиш ёфта, шумораи онҳо айни замон 8675 нафарро ташкил медиҳад. Ба донишҷӯён 502 устод дарс гуфта, теъдоди аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба 126 нафар расидааст.

-  Соли гузашта дар донишгоҳ панҷ шӯрои диссертатсионӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки фарогири 13 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ, муассисаҳои дигари ҷумҳурӣ ва Федератсияи Россия  дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 18 устоди донишгоҳ рисолаҳои илмиро ҳимоя намуданд, ки яке аз онҳо докторист, -афзуд сарвари донишгоҳ.

Соли таҳсили 2022-2023 донишгоҳро 24 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон хатм намуда, айни ҳол 845 нафар донишҷӯ аз мамлакатҳои гуногун таҳсилро идома медиҳанд.

Оянда дар донишгоҳ қабули довталабонро аз рӯи ихтисосҳои  «Маъмурикунонӣ, идора ва ҳифзи системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ дар корхонаҳо», «Системаҳои бехатарии иттилоотӣ» ва «Информатика» (самти омӯзгорӣ) ба роҳ монданианд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»