Аз нишастҳои матбуотӣ

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба беш аз 152 ҳазор мусофир хизмат расонид

№96 (4679) 28.07.2023

20230726_111620- Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар 6 моҳи аввали соли 2023 ба 152 ҳазору 067 нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,8 фоиз ё 2745 нафар зиёд мебошад, — иброз намуд, муовини директори фурудгоҳ Самандар Қамишов зимни нишасти матбуотие, ки 26-уми июли соли ҷорӣ баргузор гардид.  

Дар ин давра ба 64 ҳазору 541 нафар мусофири омада ва 87 ҳазору 526 нафар мусофири рафта хизмат расонида, шумораи рейсҳои хизматрасонидашудаи фурудгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон 484 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,9 фоиз ё 18 рейс зиёд мебошад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи пеш аз парвози мусофирон ва назорати махсус 116 нафарро ошкор намуд, ки ашё ва моддаҳои барои бо тайёра бурдан мамнӯъро бо худ доштанд.

- Айни замон дар фурудгоҳ корҳои таъмири асосии мошинсарои нақлиёти оташнишонӣ дар арафаи анҷом­ёбӣ қарор дошта, таъмири ҷории толорҳои қабулу гусели мусофирон оғоз гардидааст, — гуфт Самандар Қамишов.

Зимни нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки сохтмони таваққуфгоҳ барои ҷойгир кардани тайёраҳои калонҳаҷми «АН — 124» оғоз гардида, инчунин, дар фурудгоҳ таҷҳизоти радиотехникии фурудоварии тайёраҳои навъи «НОРМАРК» насб ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»