Аз нишастҳои матбуотӣ

Эҳтиром ба қонуну ҳуқуқ

№96 (4679) 28.07.2023

Ваколатдор (6)26-уми июли  соли ҷорӣ нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

- Дар мақомот дар ин давра 871 муроҷиати хаттӣ, шифоҳӣ ва электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шуд, ки ҳамаи онҳо ҳалли мусбат ёфтанд, — гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода.

Дар мақомот ба 20 санади меъёрию ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод гардида, кормандони Дастгоҳи марказии он дар кори гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ширкат намуда, 26 санҷиш, боз­диду мониторинг ва як қатор баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма, чорабиниҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандон дар самти қонуни мазкур, 3 тренинги омӯзишӣ ва 6 дарси бозомӯзии дохилиидоравӣ гузаронида, дар 3 мурофиаи судӣ иштирок намуданд.

Фаъолияти се намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 3 вилояти ҷумҳурӣ низ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ вохӯриҳои мутақобилаю судманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Дафтари барномаҳои САҲА хонум Эси Томпсон Севилми ва ноиби Президенти Маркази байналмилалии ҳуқуқҳои ғайритиҷоратӣ (ICNLLLC) хонум Наталия Буржайлӣ ва ҳайати намояндагии он сурат гирифтанд.

Дар ин раванд зимни сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода ба Ҷумҳурии Хорватия бо Омбуд­с­мени Ҷумҳурии Хорватия Тена Шеменович, омбудсменҳои Хорватия оид ба ҳуқуқи маъюбон, оид ба баробарии гендерӣ, оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Хорватия вохӯриҳои судманд анҷом дода шуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29-уми апрели соли 2023 дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 2 шуъбаи нав – ҳифзи давлатии ҳуқуқ ва баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис ва фаъолияти онҳо роҳандозӣ шуд.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд ва онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахс кафолат медиҳад. Авлавият бахшидан ба омили инсонӣ, арҷгузорию эҳтиром ба қонуну ҳуқуқҳои инсон кафолати рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва некӯаҳволии халқ мебошад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»