Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст…

№96 (4679) 28.07.2023

Барои тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар ноҳияи Рашт чӣ корҳо анҷом пазируфт ва сокинон аҳамияти онро то куҷо дуруст дарк намудаанд? Ба ин ва пурсишҳои дигари мо мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Оятулло Искандарзода посух гуфт:

- Тоҷикон чун дигар халқҳо, ҷашну маросим ва чандин оинҳои дигари ба худ хос доранд. Ҷашну маросим ҷузъи фарҳанги зиндагии мардуми мо мебошад ва пос дош­тани он дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ муҳим аст.

Таърих гувоҳ аст, ки аз азал гузаштагони мо сариштакор буданду ба сарфи беҳуда роҳ намедоданд. «Ба кӯрпаат нигоҳ карда пой дароз кун», — гуфтани халқ низ беҳикмат нест. Дар адабиёти пурғановатамон байт­ҳои зиёдеро метавон вохӯрд, ки мардумро ба сарфакорӣ даъват менамоянд. Чунончи:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст,

Ҳам лоиқи душман аст, ҳам лоиқи дӯст.

Мутаассифона, солҳои охир маъракаю маросимҳои мардумӣ ба худнамоишдиҳӣ табдил ёфт. Як зумра шаҳрвандон дар баргузории чунин маъракаҳо, хосса дар оростани хон, исрофкорӣ ва зиёдаравӣ мекунанд. На танҳо дар маъракаҳои хурсандӣ, балки азодорӣ низ хони бодабдаба меороянд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Набояд фаромӯш кард, ки исрофкорӣ боиси пастравии сатҳи зиндагии мо мегардад. Ба ин хотир, бо ташаб­буси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур василаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат арзёбӣ мешавад.

Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои тарғиби қонун ва риояи бандҳои он комиссияи доимии маҳаллии танзими анъана ва ҷашну маросим ташкил гардидааст. Соли 2022 масъулини бахш ва комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷамоати шаҳраку деҳот корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ гузаронданд. Ин давра 2074 маърака ба қайд гирифта шуд. Комиссия муайян намуд, ки ба ин хотир, 413 сар чорвои калон ва 1192 сар чорвои хурд забҳ шудааст.

Санҷишҳои муштарак нишон доданд, ки сокинони ноҳия аҳамияти қонуни мазкурро дарк намудаанд ва дар баргузор намудани ҳам тӯю маъракаҳо ва ҳам маросими азодорӣ талаботи бандҳои онро риоя менамоянд. Дар баробари ин баъзе шаҳрвандон талаботи қонуни мазкурро, ки ба хотири беҳ намудани рӯзгори худи онҳост, сарфи назар менамоянд. Комиссия ин муддат 7 ҳолати риоя нагардидани қонунро ошкор намуд. Нисбат ба чунин шахсон тибқи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба Суди ноҳияи Рашт ирсол шуд. Бо қарори суд ба ҳар кадом ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 7040 сомонӣ мебошад, ҷарима таъин гардид.

Таассуфовар аст, ки бо вуҷуди вохӯрӣ ва таъкидҳои зиёд ҳанӯз ҳам баъзе аз шаҳрвандон моҳияти масъаларо дуруст дарк накарда, фарзандонашонро ба гирифтани таълими ғайрирасмии динӣ мефиристанд, ки ин хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар аст. Соли 2022 дар ноҳия 6 ҳолати ба таълими ғайрирасмии динӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо тибқи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Рашт ирсол карда шуд. Дар натиҷа суд онҳоро ба маблағи 15 ҳазору 970 сомонӣ ҷарима намуд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»,

Ривоҷиддин ТОҶИДДИН,

рӯзноманигор