Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода дар нишасти матбуотӣ, ки 28-уми июли соли 2023 доир гардид, ба кормандони воситаҳои ахбори омма хабари хуш расонид.
Ӯ изҳор дошт, ки маҷаллаи илмӣ — амалии «Паёми Сино»-и донишгоҳ дар минтақа аввалин маҷаллаи илмӣ- амалӣ дар соҳаи тиб мебошад, ки 28-уми июни соли 2023 ба «Скопус» (Scopus)- Пойгоҳи ҷаҳонии маълумоти библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид гардид, ки аз сатҳи баланди мақолаҳои дар маҷалла нашршаванда шаҳодат медиҳад.
Соли 2023 донишгоҳро 2075 нафар, аз ҷумла 436 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 11 кишвари ҷаҳон хатм намуданд. Таваҷҷуҳи устодону донишҷӯёни донишгоҳ сол ба сол ба тадқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гардида, теъдоди тадқиқотчиёну пажӯҳишгарон меафзояд. Баргузории «Ҳафтаи илм» ва «Форуми олимони ҷавон», озмунҳои ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, Олимпиадаи байналмилалии «Авитсенна-23», Озмуни байни донишҷӯён ва олимони ҷавон «Инноватсия — 23» ва монанд ба ин озмуну конференсияҳо далели ин мебошанд.
Тарбияи ҳуқуқӣ бахши муҳими пешбурди корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар донишгоҳ якҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварат — вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли равон ба 26372 бемор кумаки табобатию машваратӣ расониданд. Тӯли ин муддат дар назди Маркази таҳсилоти баъдидипломии муассиса 358 нафар шунаванда курсҳои такмили ихтисоси педагогӣ, давраҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва курсҳои бозомӯзии касбиро гузаштанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»