- Нақлиёти автомобилӣ бо назардошти кӯҳсор будани кишвар мавқеи хоса дошта, беш аз 94 фоиз бор ва 97,2 фоиз мусофир бо ин намуди нақлиёт интиқол дода мешавад, — гуфт 28-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.
Хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути 2020 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 227 корхонаи автомобилӣ (78 боркаш, 83- мусофиркаш ва 66 — омехта, боркашу мусофирбар), 44 терминали мусофирбарӣ, 7 терминали боркашонӣ, 1668 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмири нақлиёт ва 74 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 945 хатсайри мусофирбарӣ (182 шаҳрӣ, 614 наздишаҳрӣ, 136 байнишаҳрӣ ва 13 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин давра корҳои нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 40,7 млн. сомонӣ ва аз буҷетҳои маҳаллӣ 6,2 млн. сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз буҷети ҷумҳуриявӣ 128,5 фоиз ва буҷетҳои маҳаллӣ 153,2 фоизро ташкил дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 47,3 млн. сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 маротиба зиёд мебошад.
Тайи нимсолаи якуми соли 2023 офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ба 303,4 км роҳ ба маблағи умумии 1 млн.166,8 ҳазор сомонӣ зарар расонида, аз он 188,20 км роҳ ба маблағи 668,8 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вазорат барқарор гардид,-иброз намуд Азим Иброҳим.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»