Расо як аср қабл, пас аз барҳам хӯрдани Аморати Бухоро, зимни тақсимоти миллии марзӣ дар Осиёи Марказӣ бо кӯшишу заҳмат ва тақозои фарзандони фарзонаи миллат соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, собиқ деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Ҳамон сол кӯчаи нахустин бо номи Советӣ (ҳоло ба номи Афсаҳзод) дар ҳудуди 3 километр таъсис ёфт.
Минбаъд дар он биноҳои маъмурию фарҳангӣ қомат афрохта, ба маркази сиёсию иқтисодии тоҷикон табдил ёфт ва симои шаҳрро ба худ гирифт. Моҳи апрели соли 1927 Шӯрои Комиссарони Халқии ҶМШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул кард. Пас аз он, соли 1929 аз шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон то ба пойтахти ҷумҳуриамон хатти роҳи оҳан кашида шуд, сохтмони иморатҳои хуштарҳ авҷ гирифт.
Соли 1930 нахустин корхонаи истеҳсоли хишт ба кор даромаду баъдан дар хиёбони марказӣ (ҳоло Рӯдакӣ) бинои Шӯрои Комиссарони халқӣ (собиқ Вазорати кишоварзӣ) ва бинои Комиссариати халқии заминкорӣ (алҳол бинои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ) сохта шуданд.
Соли 1946 дар маркази шаҳр бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта шуд, ки алҳол дар он Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамин тавр дар замони шӯравӣ Душанбе аз як деҳаи хурди назарногир ба як шаҳри зебо табдил ёфт, ки шоири маъруфи тоҷик, шодравон Боқӣ Раҳимзода дар васфи он гуфта буд:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.
Шаҳри Душанбе дар даврони соҳибистиқлолӣ, алалхусус чанд соли охир симои хешро дигар кард. Бо таваҷҷуҳи доимӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон — шаҳри Душанбе торафт зебо шуда, дили сокинони мамлакат ва меҳмонони онро тасхир намудааст.
Алалхусус, иншооти хуштарҳи замонавӣ, боғу гулгаштҳои назаррабо, роҳҳои муосири сеқабата, фаввораю чароғҳои рангаю мунаққаш ва дигар навгониҳо ба он ҳусну таровати дигар зам намудаанд.
Моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами баландтарини дунё дар пояи 165 метр партавафшон гашт.
Биноҳои муҳташами «Қасри миллат», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз», марказҳои савдои «Пойтахт-90», «Рӯдакӣ Плаза», бинои 22 — қабатаи «Душанбе — Плаза», биноҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия ва ғайра бо тарҳи зебояшон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки берун аз он ном баровардаанд. Чунончи, «Кохи Наврӯз» соли 2021 ба феҳристи «Ҳашт муъҷизаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай» шомил гардид. Маҷмааи мазкур ба шакли тоҷ сохта шуда, он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ ва соҳибдавлатии миллати тоҷик мебошад. Ин маҷмаа бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди таъриху тамаддуни ғанӣ ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд гардида, дар ҷаҳон назир надорад.
Обрӯю нуфузи шаҳри зебои Душанбе дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле боло рафта, дар он як қатор чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҷамъомадҳои «CASA — 1000», мулоқоти сарони кишварҳои аъзои ИДМ, СҲШ ва конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу ҳифзи муҳити зист, мубориза бо терроризм ва дигар соҳаҳои марбут ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ баргузор гардиданд.
Моҳи сентябри соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» супорида шуд. Соли 2016 бошад, пойтахти мамлакат сазовори ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди «Роҳи бузурги абрешим» гардид.
Соли 2017 шаҳри Душанбе дар маҷаллаи «The Telegraph »-и Британияи Кабир аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё номбар гардид. Соли 2018 бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия шаҳри Душанберо ба қатори «10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби ИДМ» шомил намуданд. Ҳамон сол пойтахти кишварамон ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардид.
Бо мақсади боз ҳам сабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе 23-юми сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ сокинон дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парвариш намоянд.
Ин иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамовозӣ пайдо карда, то ин дам дар пойтахт корҳои ободонию созандагии зиёд анҷом пазируфт. Аз баракати ин ташаббус имрӯз Душанбе боғшаҳри дилкушоро мемонад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин заҳматҳо расида, нисбат ба иншоотҳо, боғу гулгаштҳо, обу ҳаво, роҳ, нақлиёт ва дигар сарватҳои пойтахт дилсӯзона муносибат кунем. Дар баробари саҳм гузоштан дар сабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ доштани пойтахт, инчунин, рафтору гуфтор ва маданияти баланд нишон диҳем, то дар ин хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон чароғи сидқу сафо доимо фурӯзон бошад.
Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон