Барқияи табрикӣ

№98 (3244) 21.08.2014

Нуздаҳуми августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Ниҳоят хушнуд ва масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Афғонистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – 95-умин солгарди истирдоди Истиқлоли давлатии Афғонистон  сидқан табрику таҳният менамоям.

Халқҳо ва кишварҳои мо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва таҷрибаи арзишманди ҳамёрӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ доранд.

Мо қаноатмандем, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ ва дар маҷмӯъ дар тақвияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон муваффақиятҳои бузург ба даст овардем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар мебошад ва ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ин раванд тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Бо истифода аз ин фурсат изҳори итминон мекунам, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин марҳилаи тақдирсоз ба туфайли хирад ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти худ бо сарбаландӣ муваффақ хоҳад шуд, то аз имтиҳонҳои кунунӣ бо ҳамбастагию оромиш ва ваҳдати беш аз пеш берун ояд.

Дар ин рӯзи саид ба Ҷалолатмаоб сиҳатии комилу саодат ва ба мардуми дӯсти Афғонистон субот, ваҳдати миллӣ, хушрӯзӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаро орзумандам».

www.president.tj