Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои мушаххас андешида истодааст, — зикр кард раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотие, ки якуми августи соли равон баргузор гардид.
Кумита таъмини иҷрои бандҳои 43 ва 44-уми нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2023 таҳти рақами 321 оид ба вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баёнгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намуд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилояти Суғд 106,5 фоиз, Хатлон — 102,7 ва ВМКБ 104,4 фоиз таъмин гардид. Ҳамчунин, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат тамоюли афзоиш дошта, дар ВМКБ ба 1724,5 сомонӣ, вилояти Хатлон — 1484, Суғд — 1775,83 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1456 сомонӣ баробар гардид.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»