Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода дар нишасти матбуотӣ 31- уми июли соли равон иброз намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Шаҳритус, Хуросон, Данғара ва Кӯшониён зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли дарахти зудафзоишёбандаи павловния шинониданд ва корҳои нигоҳубини ниҳолҳо дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо афзоиши майдони парвариши павловния истеҳсол ва коркарди чӯбу тахта зиёд хоҳад шуд. Павловния дарахти асалдиҳанда низ мебошад.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби агентӣ лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2028» ва «Дар бораи таъсиси корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо» ва «Гурӯҳи ҷангалсозии тоҷик», тибқи тартиби муқарраргардида, таҳия ва пешниҳод шуда, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
-Тайи нимсолаи аввал дар майдони умумии 2458,6 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор ва плантатсияҳо иҷро гардид, ки аз он 41 гектар ба бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон рост меояд. Инчунин, ба миқдори 61 ҳазору 147 бех ниҳоли дарахту буттаҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда, аз қабили санавбар, тут, айлант, акатсия, қарағоч, дроки испанӣ, бодоми талхдона, хуч, шулаш, олучаи кӯҳӣ, булут ва дигар намуди ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ шинонида шуда, корҳои ҳифзу нигоҳдорӣ, нарм кардани бехи ниҳолҳо, бо мақсади нигоҳ доштани намӣ ҷараён дорад,- гуфт Абдуҷаббор Юсуфзода.
Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи агентӣ бо мақсади пешбурди корҳо оид ба самаранок ба роҳ мондани истифодаи захираҳои ҷангал зиёда аз 151 тонна растании ғизоӣ, хӯрданибоб ва шифобахш ҷамъоварӣ гардида, ба бозори истеъмолӣ пешкаш шуд.
Дар давраи мадди назар аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал, вобаста ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 951 санад тартиб дода, ба маблағи 379,5 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид, ки аз он 300,9 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Сайфидддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»