Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба маблағи 96 млн. сомонӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ дастрас гардид

№98 (4681) 04.08.2023

Кумитаи бехатарии озуқавори28-уми июли соли ҷорӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишасти мутбуотӣ доир гардид.

- Дар нимсолаи аввали соли 2023 барои пешгирии бемориҳои сироятии чорво бо истифода аз ваксинаҳо ва дигар маводи байторӣ зиёда аз 9 миллиону 506 ҳазору 013 сар ҳайвону паранда зидди бемориҳои гуногун эм шуданд, ки 101.7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, — изҳор дошт раиси кумита Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Аз ҷониби озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории бозорҳои истеъмолӣ 555 ҳазору 577 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд. Дар самти назорати зотпарварӣ корҳо оид ба ҳифзу ­нигоҳдошт ва такмилдиҳии фондҳои ирсии намуд ва зотҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ парваришёбанда идома дорад. Ҳоло риояи талаботи қоидаҳои зотпарварӣ дар 80 субъекти хоҷагидорӣ таҳти назорат мебошад.

Ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ кумита аз ҳисоби маблағҳои махсуси худ бунёди 6 иншооти ҷашнӣ – Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе, раёсати кумита дар вилояти Хатлон, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Мурғоб, Кӯшониён, Файзобод ва Фархорро ба нақша гирифта, кор дар ин иншоот бомаром идома дорад. Дар доираи ҳамкориҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба маблағи 9 миллиону 218 ҳазору 1375 сомонӣ ва аз ҳисоби Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ба маблағи 3 миллиону 892 ҳазору 548 сомонӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ барои муайян намудани бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дастрас гардид.

- Мутобиқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2018 таҳти №520 «Дар бораи «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» дурнамои манбаъҳои маблағгузорӣ барои амалисозии барнома дар 17 банд ба маблағи умумии 72,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 47 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории шарикони рушд ва 25, 5 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад. Иҷрои барнома то имрӯз 115,6 фоизро ташкил медиҳад, — афзуд М. Файзуллозода.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»