Аз нишастҳои матбуотӣ

11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳа

№98 (4681) 04.08.2023

ЭНЕРГТИКА (2)31-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъа Далер иброз намуд, ки дар мамлакат бо назардошти неругоҳҳои барқи обии хурд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 10,7 миллиарду 760, 3 миллион кВт. соат­ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 209,3 миллион кВт. соат зиёд ва суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин карда шуд.

Нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт дар маҷмӯъ 550,6 ҳазор Гкал неруи гармӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 125,2 Гкал ё 18,5 фоиз кам мебошад. Сабаби нисбатан камшавии ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ин нисбатан барвақт катъ намудани фаъолияти марказҳо дар соли ҷорӣ мебошад. Ҷамъоварии умумии маблағ дар ин давра 2 миллиарду 225,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 434 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷумъа Далер, ҳамзамон, гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ ба 86,6 фоизи маблағи ҳисобшуда баробар буда, 825,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 153 миллион сомонӣ ё 22 фоиз зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ, аслан корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Сарбанд», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи CASA — 1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ» ва ғайра идома ёфта, дар доираи онҳо 1 миллиону 431 ҳазор доллари ИМА маблағ, ҷалб карда шуд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои  мардум»