Аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд гардид. Ду сол пайи ҳам ба андозаи 20 фоиз зиёд шудани музди меҳнати омӯзгорон гувоҳи аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода.
Иттилоъ гирифтем, ки соли 2023 барои соҳаи маориф 7 млр. 210 млн. 355 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, ки нисбат ба соли гузашта 13 фоиз зиёд буда, он 5,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи буҷети давлатиро дар бар мегирад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ барои барномаҳои давлатии «Рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», «Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» 32 миллиону 954 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта, 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 261 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки вазорат якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо талош доранд ин мушкилотро бартараф намоянд.
Ба ҷои кор ҳозир шудани онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм менамоянд, ҷалби кӯдакони синни томактабӣ ба боғча, норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ғайриқонунӣ ғасб шудани замини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, норасоии адабиёти бадеӣ дар китобхонаҳои наздимактабӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Фарзона Файзалӣ,
«Садои мардум»