«Хоҷа Обигарм» аз машҳуртарин осоишгоҳҳои кишвар ба ҳисоб меравад. Он дар ноҳияи Варзоб — зеботарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон, миёни кӯҳҳои осмонбӯс ҷойгир буда, бо оби гарм ва буғи табиӣ, ки дар олам назир надорад, давои даҳҳо бемориҳо буда, берун аз кишвар маълуму машҳур гардидааст.
Боду ҳавои мусоид, имконияти хуби табобатию истироҳатии осоишгоҳ имкон фароҳам овардааст, ки тамоми фаслҳои сол мизоҷон дар он ҷо табобат гиранд. Воқеан, аз ин мавзеъ, ки бо обу буғи табиии шифобахш, табиати назаррабою дилкашаш ба рӯҳу ҷон ҳаловат мебахшад, ниёзмандон на танҳо аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Чин ва Ветнам низ ташриф меоранд ва бо рӯҳияи болида бармегарданд.
Дар шаш моҳи аввали соли равон осоишгоҳ 7 ҳазору 350 нафарро ба истироҳату табобат фаро гирифта, дар он барои мизоҷон ҳама шароит муҳайё буда, табибони корозмуда ба кор ҷалб шудаанд.
Директори генералии ҶСК «Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм» Маҳмад Камолзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки дар осоишгоҳ ниёзмандон ташхис ва табобат мешаванд.
Тавре аз суҳбат бо масъулини осоишгоҳ маълум шуд, тибқи оиннома, фаъолияти асосии он табобати бемориҳои гуногун мебошад. Яке аз роҳҳои табобати бемориҳо дар ин мавзеъ об ва буғи табиии хусусияти шифоидошта мебошад. Ҳарорати гармии буғи шифобахш, ки аз зери замин берун меояд, ба 97 дараҷа мерасад. Тибқи тадқиқоти илмию лабораторӣ, дар таркиби ин буғи шифобахш радон мавҷуд аст.
Оби шифоии осоишгоҳ дар таркибаш азоту кремний, сулфат, гидрокарбонат, натрий ва калсий дошта, гармии он ба 65 – 96 дараҷа (ба ҳисоби селсий) баробар аст.
Тибқи хулосаи корҳои таҳқиқотии олимон, буғ ва оби шифоии радонӣ ба торҳои асаб, рагҳои хунгузар, васеъшавии хунрагҳои пӯст таъсири мусбӣ мерасонад, ҳамчунин, суръати гардиши хунро дар рагҳои майдатарин, мӯйрагҳо ва пешмӯйрагҳо меафзояд. Оби маъдандори радонӣ дар табобати бемориҳои пӯст васеъ истифода бурда мешавад. Газу моддаҳои намаки радон ва ионҳои онҳо ба хун ҷабида шуда, тавассути он ба тамоми узвҳои бадан паҳн мегарданд. Аз таъсири буғу оби радоние, ки таркибаш элементҳои кимиёвии гуногун, микроэлементҳо, маъданҳо, намак ва моддаҳои дигар дорад, фаъолияти системаи марказии асаб муътадил ва ором мешавад.
Зимни суҳбат истироҳаткунандагон Шодмон Абдуназаров аз ноҳияи Файзобод, Салима Мусоева аз шаҳри Норак, Азамат Давлатова аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарзи хизматрасонии осоишгоҳ изҳори қаноатмандӣ карданд. Салима Мусоева гуфт, ки бемории асаб доштам. Табиби осоишгоҳ Изатулло Дӯстов ба воситаи сӯзандору табобатам кард ва ҳоло худро солим эҳсос менамоям.
Воқеан, ҳоло дар осоишгоҳ тамоми шароит барои истироҳати бофароғат ва табобат фароҳам аст. Истироҳаткунандагон дар ду ошхонаи осоишгоҳ бо хӯрокҳои болаззат, нӯшобаҳои лазиз, меваю сабзавоти тару тоза таъмин мешаванд.
Ҳуҷраҳо низ бароҳатанд. Ҳунармандон барои дилхушии истироҳаткунандагон шабона барномаҳои консертӣ ва ҳаҷвӣ пешкаш мекунанд. Бо назардошти хизматрасоние, ки дар осоишгоҳ анҷом дода мешавад, метавон гуфт, ки он дар амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» саҳми созгор мегузорад.
Зимнан, дар «Хоҷа Обигарм» Маркази иттилоотӣ таъсис дода шудааст ва мизоҷон метавонанд пеш аз рафтан ба осоишгоҳ барои худ ҳуҷраи дилхоҳашонро интихоб намоянд.
Ҳокими САФАР