Бистуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Тайи ин боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхона ва як мактаби нав, чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабиниҳои бахшида ба арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок хоҳад дошт.
Меҳмонхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Бистуми августи соли 2014 дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи муосири «Сипеҳр» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст.
Чунонки зикр гардид, Меҳмонхонаи муосири «Сипеҳр» дар масоҳати умумии 0,56 гектар ҷойгир шуда, иборат аз се ошёна мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, фурӯшгоҳи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, тарабхона, толорҳои маркази таълимӣ ва толори хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи сеюм толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ҷойгир шудаанд. Меҳмонхона дорои 46 ҷойи хоб буда, 30 адад ҳуҷраҳо барои қабули мизоҷон омода аст. Дар ин меҳмонхона 55 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи моҳонаи 1500 сомонӣ таъмин мегарданд.
Дар маҷмааи мазкур маркази таълимӣ барои омӯзондан ва тайёр намудани 500 нафар мутахассисон дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки дар он мутахассисони соҳаи ҳавопаймоӣ, аз ҷумла авиохазинадорҳо, авиобронировшикҳо ва пешхизматҳо тайёр карда мешаванд. Барои омода намудани мутахассисони мазкур аз Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо омӯзгорон ҷалб карда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкор Фазлиддин Ҳасановро хуб пазируфта, таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст.
Коргоҳи нави ҶДММ «Элегант» доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ ба кор дароварда шуд
Бистуми августи соли 2014 Дар шаҳри Чкалов, ки яке аз марказҳои бузурги саноатии вилояти Суғд ва кулли ҷумҳурӣ ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст Корхонаи нави ҶДММ «Элегант» доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ ба кор дароварда шуд.
Тавре зикр гардид, ҶДММ «Элегант» соли 2000 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулаҳад Муъминов таъсис дода шуда, аз соли 2009 ба ин сӯй бо коркарди сангҳои зебои вулканӣ ва истеҳсоли масолеҳи ороишии сохтмон аз онҳо машғул аст. Сангҳои вулканӣ аз минтақаи Долонаи ноҳияи Ашт гирифта шуда, дар коргоҳи мазкур бо истифода аз таҷҳизоти муосири сохти Федератсияи Россия коркард мешаванд.
Иқтидори коргоҳ ба истеҳсоли зиёда аз 60000 м2 маҳсулот аз сангҳои ороишӣ дар як сол баробар аст. Дар коргоҳ ҳоло 150 нафар, ки қисми зиёдашон занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, бо кор таъминанд. Бо фаъол гардидани коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз санг боз 50 нафари дигар ба кор ҷалб шуда, шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.
Музди моҳонаи коргарон аз 700 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Ба коргоҳ таҷҳизоти Ширкати «Бой До Си Технолоҷиз»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шуда, аз тарафи мутахассисони Ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Россия ва мутахассисони маҳаллӣ ба кор омода шудааст.
Нахи базалт минбаъд барои бетағйир нигоҳ доштани гармӣ ва ё сардӣ дар хонаю иморатҳо ва ё интиқоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сӯзишворӣ барои ин ҳадафҳо мегардад.
Инчунин роҳбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат бо як лоиҳаи нави инноватсионӣ аз нах ва риштаи аз санг тавлидшуда истеҳсоли матоъ, арматура, лӯла ва дигар масолеҳи сохтмониро ба роҳ монданианд.
Чунонки иттилоъ доданд, роҳандозии марҳилаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз нах ва риштаи санг маблағи зиёд ва дастгирии давлатиро талаб мекунад. Соҳибкорони тоҷику рус, ки ба ин кор машғуланд, бовар доранд, ки ба ин ҳадаф ноил мегарданд, зеро захираи сангҳои ороишӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон хеле фаровон аст ва истифодаи босамари он дар истеҳсолот метавонад яке аз манбаъҳои асосии рушди ояндаи иқтисоди миллии кишвар гардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми онҳоро маъқул дониста, ба масъулин дастур дод, ки барои роҳандозии дастгирии давлатии ин корхона санадҳои зарурӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Ифтитоҳи Корхонаи «Таҷ-Роуд» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Бистуми августи соли 2014 дар мавзеи «Рухак»-и деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Таҷ-Роуд» ба кор дароварда шуд.
Тавре аён гардид, ин корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад, аз ҷониби бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ «Сомонроҳ» бунёд ёфтааст.
Ҳар ду коргоҳи ин корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Коргоҳи асфалт бо технологияи истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва коргоҳи коркарди регу шағал бо технологияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон муҷаҳҳаз гардидааст.
Иқтидори лоиҳавии коргоҳи асфалт ба 340 тонна дар як соат ва коркарди регу шағал 180 метри мукааб ё 324 тонна дар як соат баробар аст.
Барои истихроҷи регу шағал ба ин корхона 9,7 гектар замин ҷудо карда шудааст.
Дар ин коргоҳҳо дар ду баст то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши то 1000 сомонӣ таъмин карда мешаванд.
Ба иттилои бародарони соҳибкор, пас аз фаъол гардидани ин корхона нархи фурӯши асфалт то ба 25-30 фоиз арзон мегардад, ки барои ободонии роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъсири мусбӣ мерасонад.
Ин соҳибкорон дар паҳлуи корхонаи нав ҳамчунин 50 гектар замин барои бунёди боғ гирифтаанд ва 100 ҷойи дигари корӣ дар он муҳайё хоҳанд намуд.
Маркази солимгардонӣ дар шаҳри Қайроққум ба фаъолият пардохт
Бистуми августи соли 2014 дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд биною иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» пас аз навсозии куллӣ 19 июни соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дубора мавриди истифода қарор гирифта буд.
Чунонки иттилоъ доданд, масоҳати умумии марказ 19,5 гектар буда, он дорои як бинои зимистона барои 226 нафар, нуҳ бинои тобистона барои 456 нафар, як бинои таълимӣ, майдончаи гулханафрӯзӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдончаи бозиҳои кӯдакона, майдони сунъӣ барои футболи хурд, майдончаҳои волейбол, баскетбол, тенниси калон ва се ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2010 баён гардида буд, дар ҳудуди Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи стандарти ҷаҳонӣ, ҳаммом (сауна) ва майдони бозии голф сохта шуда, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Масоҳати умумии толори бузурги варзишӣ 1800 м2, баландиаш 18 метр буда, барои гузарондани машқҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои баскетбол, волейбол, футболи толорӣ, кӯҳнавардӣ ва тенниси рӯйи миз мутобиқ карда шудааст.
Дар дохили толори калон 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, ду ҳуҷраи обпошӣ барои ҳафт ҷой, анборхона ва ҳуҷраи хазинадор мавҷуд аст.
Дар ошёнаи дуюми бино толори хурди варзишӣ мавҷуд аст, ки дорои 37 таҷҳизоти обутоби бадан мебошад. Ин толор метавонад шавқмандони зиёди ин навъи варзишро ба худ ҷалб намояд.
Варзишгоҳи нави маркази мазкур дорои майдони футбол, роҳрав барои давидан бо дарозии 400 метр, ҷойи нишасти болопӯшида барои 720 нафар, ду ҳуҷраи либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои обпошӣ барои ду даста, ҳуҷраи доварон ва анборхона мебошад.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ин варзишгоҳ туҳфаи арзишманде аст ба ҷавонону наврасони варзишгар дар Соли футболи оммавӣ. Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 — Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як навраси футболбоз, ки қисмате аз онҳо духтарчаҳои хурдсол буд, тӯбҳои футбол тақдим намуда, ҳамроҳашон акси умумӣ гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки дарвоқеъ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон оянда метавонад рушди назаррас дошта бошад, зеро барои ин кор дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё мегардад ва ҷавонону наврасони мо низ ба он шавқу рағбати беандоза доранд.
Дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» ҳамчунин ҳаммом барои 25 ҷой бо ҳавзи зебои шиноварӣ бунёд гардида, дар он ҳуҷраҳои обпошӣ, ҳаммомҳои русӣ, туркӣ, финӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи масҳ, ошхона ва ҳуҷра барои истироҳат вуҷуд дорад.
Дар оянда имкон дорад, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» ҳамчун муассисаи варзишии омодагии олимпӣ истифода шавад.
Мактаби нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Бисту якуми августи соли 2014 боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки зикр гардид, сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шудааст.
Бинои нави мактаб дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад. Ҳамчунин, дар он шаш кабинети фаннӣ, аз ҷумла барои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, омодагии дифоӣ, ҳунарҳои миллӣ ва рӯзгордорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Синфхонаи суруд ва мусиқӣ низ бо асбобҳои миллӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.
Инчунин, мактаб дорои толори варзишӣ бо ҷойҳои нишаст барои 100 нафар тамошобин ва ошхона бо 80 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ин мактаб 45 омӯзгор фаъолият дорад, ки аз он 40 нафарашон занон ва 22 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ дар ин ва дигар мактабҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳавлии ин мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони соҳаи маорифи вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҷумла ифтитоҳи бинои нави мактаби мазкурро туҳфаи арзанда дар арафаи оғози соли таҳсили 2014-2015 номид.
Хотиррасон гардид, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд 441 муассисаи таълимӣ бунёд ва ё навсозӣ шуда, қариб 130 ҳазор ҷойи нишаст омода гардидааст.
Таъкид гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ба талаби замон мутобиқ намудани донишу малакаи онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои мусоиду муассир амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилоят 103 фоиз иҷро шуда, алҳол ба 14 нафар хонанда як компютер рост меояд. Аз ин хотир, таъкид карда шуд, ки сатҳ ва сифати донишомӯзии наврасону ҷавонон бояд ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар ҷавобгӯй бошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯёни кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд дар таҷлили 23 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди 20-уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ, инчунин 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми намоён мегузоранд.
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии ҶДММ «НАНО-ТЕХ-М»
Бисту якуми августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М», ки дар масоҳати умумии як гектар замин дар маҳаллаи 17-ум қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.
Муассиси корхонаи мазкур соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Аюбов мебошад.
Корхонаи мазкур асосан бо истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, ташхиси лаборатории масолеҳи сохтмонӣ, борпеч кардани семент (халта кардан) дар ҳаҷми 40 тонна дар як шабонарӯз, ба андозаҳои гуногун майда кардани санг, хизматрасонӣ бо мошинҳои махсус дар самти ба фармоишгарон расондани маҳсулот ва ғайра мебошад.
Барои анҷоми чунин корҳо корхона дорои панҷ адад нақлиёти бетонкашон, як мошини сементкашон, як мошин барои рехтани бетон ба баландии то 40 метр, ду мошини боркаш, як мошини боркунанда, як кран-монипулятор ва дигар техникаю таҷҳизот мебошад.
Айни замон дар корхона 28 нафар кормандон бо маоши миёнаи 800 сомонӣ дар як моҳ фаъолият доранд. Тавре иттилоъ доданд, то ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи соли равон шумораи кормандони ин корхона ба 100 нафар расонида мешавад.
Барои кормандон дар ҳудуди корхона ошхонаи замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст сохта шудааст ва ба ҳамаи кормандон хӯроки ройгон дода мешавад.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳ маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии вилоят ба намоиш гузошта шуда буд.
Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир шумораи корхонаҳои саноатии ин соҳа ва муҳайёшавии ҷойҳои нави корӣ авҷ гирифтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷиро ба густариши фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба ҳавасманд бояд кард.
Бинои Маркази такмили ихтисос барои кормандони Раёсати андоз ба фаъолият шурӯъ намуд
Бисту якуми августи соли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилоят, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ифтитоҳ ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, дар ошёнаи якуми бинои мазкур ҳамчунин Нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм утоқҳои корӣ барои такмили ихтисоси кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон ҷой гирифта, дар онҳо барои 60 шунаванда ҷойи нишаст омода гардидааст.
Дар таҳхонаи бино ошхона бо 60 ҷойи нишаст ҷойгир шудааст.
Тарҳи берунаи бино бошад, бо масолеҳи ҳозиразамони «силк коат стоун» (silk coat stone) пӯшонида, бо он ороиш дода шудааст. Дар рафти ҳамаи корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншооти мазкур технология ва масолеҳи сохтмонии ҳозиразамон истифода шудааст.
Масоҳати умумии бино 1144 м2 буда, бо харҷи 3 млн. 207 ҳазор сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст.
Ташкили Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки ҳар сол бо истифода аз технологияи муосир ва устодони ботаҷриба ҳам кормандони мақомоти андоз ва ҳам андозсупорандагон савияи дониши худро баланд бардоранд.
Барои гузаронидани машғулиятҳо устодони донишгоҳҳои иқтисодии вилоят, кормандони ботаҷрибаи соҳа ва дигар мақомот, ки ба масъалаҳои андоз вобастагӣ доранд, аз қабили Кумитаи замин, раёсати гумрук, раёсатҳои молия ва иқтисод даъват карда мешаванд.
Дар маркази мазкур давоми як сол имкони то 300 нафарро ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтан мавҷуд аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури шумораи зиёди кормандони соҳаи андози вилояти Суғд онҳоро ба такмили пайвастаи донишу малакаи касбии худ ва муомилаю муоширати хуб бо андозсупорандагон ҳидоят намуд.
www.president.tj