Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳар сол дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешавад, ҷойгоҳи махсус дорад, зеро он рушдбахшандаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мебошад.
Мавриди ёдоварист, ки нахустин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми апрели соли 2000 ироа гардида буд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23-юми декабри соли 2022 ироа шуд, 24-умин Паёми Президент ба парламенти мамлакат мебошад.
Дар мақолаи мазкур оид ба муқовимат ба коррупсия, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат муқаррар шудаанд, хоҳем гуфт.
Коррупсия падидаи зишт ва яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, ба амнияти кишвар, суботи ҷомеа, рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба ҳисоб рафта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия пайваста талош меварзад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба хатар ва оқибатҳои манфии коррупсия, инчунин ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ кардани ин падидаи номатлубро матраҳ менамоянд ва дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шудааст.
Чунончи, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2004 вобаста ба зуҳуроти номатлубу зишти коррупсия сухан ронда, мубориза бо онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ муайян карданд. Тавре зикр гардид: «Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад». Дарвоқеъ, порадиҳӣ ва порагирӣ кирдорҳои хавфнок буда, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани чунин кирдорҳо, тибқи моддаҳои 319 (гирифтани пора) ва 320 (додани пора), ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 таҳти № 143 бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид. Дар ин иртибот, вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ваколати агентӣ вогузор шуданд.
Бо мақсади танзими фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва 20-уми марти соли 2008 таҳти № 374 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонуни зикргардида вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Бо сабаби он ки дар шароити муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад, дар мамлакат мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 қайд намуданд: «Бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 24-уми апрели соли 2010 дар самти мубориза бо коррупсия гузаронидани экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъалагузорӣ шуда, бо мақсади аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсиониро тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо, баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо махсус таъкид гардид.
Дар заминаи Паёми зикргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва 28-уми декабри соли 2012 таҳти № 925 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо барои бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмӯъ, низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.
Бояд иброз намуд, ки барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30-юми апрели соли 2010 таҳти №864 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010 таҳти №431 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» тасдиқ гардид. Афзун бар ин, 14-уми декабри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва низомномаи он тасдиқ шуд. Шӯрои миллӣ мақоми машваратӣ, ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои муқовимат бо коррупсия мебошад.
Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади мусоидат ба қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии судманд ва таъсирноки коррупсия ва мубориза бар зидди он нигаронида шудаанд, 31-уми октябри соли 2003 конвенсия бар зидди коррупсияро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ кард. Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон (аз 20-уми апрели соли 2011) махсус қайд карданд, ки «Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст».
Хотирнишон бояд сохт, ки тибқи тартиби муқарраргардида бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008 таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро барои мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд.
Бинобар анҷом ёфтани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои муқовимат бо коррупсия вазифадор гардиданд.
Дар натиҷа, тибқи тартиби муқарраргардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 муҷаддадан доир ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия сухан карданд ва дар назди мақомоти муборизабаранда бо коррупсия вазифаҳои нав гузоштанд, ҳамчунин, дар таҳрири нав таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (аз 25-уми июли соли 2005 таҳти № 100) таъкид шуд. Тавре Сарвари давлат зикр карданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, барои гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд».
Бобати иҷрои талаботи Паёми зикргардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва 7-уми августи соли 2020 таҳти № 1714 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонуни номбурда асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат бо коррупсияро муайян намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар моддаи 1 қонуни зикршуда мафҳуми коррупсия бо мазмуни зерин маънидод шудааст: «Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда ба 2 гурӯҳ ҷудо карда шудаанд:
1. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда.
2. Субъектҳои дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда.
Дар моддаи 8 ин қонун субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.
Дар моддаи 10 қонуни зикргардида субъектҳои дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда – вазоратҳои адлия, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти дигари давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд.
Дар моддаҳои 9 ва 11 қонуни фавқ ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва субъектҳои дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда пешбинӣ ва мушаххас шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 оид ба хавфу хатари коррупсия барои ҷомеа ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ сухан карда, таъкид намуданд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Воқеан, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, кори як мақомот ва ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия набуда, кори дастаҷамъист, яъне дар ин самт бояд, ки ҳар як сокини мамлакат ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда, бахусус Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста чораҳои дахлдор андешанд.
Бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» зарурат ба амал омад, ки дар мамлакат стратегияи нав таҳия ва қабул карда шавад. Бояд қайд намуд, ки дар давраи амалисозии стратегияи мазкур барои паст намудани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Мутаассифона, ҳоло низ дар мамлакат мушкилоти коррупсия ҳалли пурра наёфтааст. Аз ин рӯ, дар мамлакат санади сеюм дар самти муқовимат ба коррупсия таҳия ва қабул карда мешавад. Чунончи, тибқи тартиби муқарраршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 таҳти № 222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии стратегияи фавқ аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст кардани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст.
Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар самти муқовимат бо коррупсия бениҳоят муҳиманд, зеро паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат барои садди устувор ниҳодан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ, тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, ҳамчунин, такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ саҳми бориз дошта, барои пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат менамоянд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
корманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники адлия