Чоруми августи соли ҷорӣ муовини якуми раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода нишасти матбуотиро оғоз бахшида, аз ҷумла чунин гуфт:
- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, назорати фаъолияти рекламавӣ ва танзими соҳаи энергетикаи барқӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.
Баъдан, мавсуф ба ҳозирин аз бобати самарабахш фаъолият намудани бозорҳои мол, субъектҳои хоҷагидор аз рӯи истеҳсол, истихроҷ, коркард ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва аз рӯи кору хизматрасонӣ ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мавқеи ҳукмфармоидошта, пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рушди рақобати солим, нархномаи истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, алоқаи мобилӣ ба тариқи фишурда иттилоъ пешниҳод намуд.
Дар идомаи нишаст С. Қурбонзода роҷеъ ба бозори воридоти гандум, хоса воридоти орд ва дар ин замина ташаккулёбии нархи ҳар як халта орд, воридоти шакар, равғани растанӣ, истеҳсоли тухм, доруворӣ, сӯзишворӣ (махсусан бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ) ва омилу сабабҳои тағйир ёфтани нархи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ муфассал андешаронӣ намуд.
Дар нишаст ҳайати роҳбарият ва масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои зиёди журналистон, ки асосан ба болоравии нархи баъзе аз навъҳои маҳсулоти озуқаворӣ, иҷрои шартномаҳои тарафайни идораю муассисаҳои марбута, рақобатҳои беасосу бевиҷдонона, муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор, чигунагии таъсири ҷангу нооромиҳои дунё ба арзиши аслии ин ё он маҳсулот, вазъи назорати хизматрасониҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз тарафи хадамот, баргузории мониторингҳо, пешгирию назорати ҳатмии болоравии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия дар иду ҷашнҳои мардумӣ, чӣ гуна роҳандозӣ намудани назорати нархҳои мошинҳои кирокашӣ, сабукрави байнишаҳрию байниноҳиявӣ ва ғайра нигаронида шуда буданд, посухҳои қонеъкунанда доданд.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
Садои мардум»