- Таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар нимсолаи аввали соли 2023 бо супориши мақомоти болоӣ ва ташаббуси маркази зикршуда 4 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақомоти васояту парасторӣ», лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ» ва дигар лоиҳаҳо идома дода шуд, — изҳор дошт якуми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ 4 нақшаи чорабинии дохилиидоравии маркази мазкур таҳия, тасдиқ ва амалӣ гардиданд. Дар ин давра дар Маркази миллии қонунгузорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 62 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ бошад, 140 мавзӯи дахлдор бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва дар сомонаи расмии марказ ҷой дода шуд.
Гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод ба ҳисоб рафта, дар ҳамин замина, кормандони он 60 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва машваратҳоро дар мавзӯъҳои гуногун таҳия намуда, дар маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ ва дар сомонаи расмии марказ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд.
Ҳамчунин дар нимсолаи аввали соли равон 2 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва «Дар бораи экспертизаи экологӣ» бо қонунгузории ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон ва Федератсияи Россия, гузаронида шуд.
Ҳамчунин, маълум гардид, ки самти дигари фаъолияти маркази мазкур ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ ба ҳисоб рафта, барои амалишавии он маводи зерин, аз ҷумла маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ», тафсири қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ислоҳоти замин» (нашри аввал) ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (нашри аввал), нашр гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»