Дар ноҳияи Дарвоз тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобидаи киштбоб як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.
Ба гуфти масъулини бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани маконҳои санглоху бекорхобида як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Дар ин давра даштҳои Роғак, Удун, Паткуноб, Сохинг, Курговад, Ново, мавзеъҳои Сафедорону Гурбадара ва Марғак, Жаку Марғ обод гардида, ба макони истеҳсоли зироатҳои ғалладона, картошкаю сабзавот, боғҳои мевадор ва хӯроки чорво табдил дода шудаанд. Аз ҷумла, дар мавзеи марғзори Зеви соҳили дарёи Хумбов бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Дарвоз тариқи техника сангистони соҳили дарё, ки 12 гектарро ташкил менамояд тахту ҳамвор ва об ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Дар соҳили дарё кишти картошкаю сабзавот ба роҳ монда, ҳамчунин, гармхонаҳои сабзавот ва меваҳои субтропикӣ низ бунёд гаштанд. Дар маҷмӯъ мавзеи Зев ба марғзори ҳақиқӣ тадбил дода шуд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»