Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 нишон дод, ки дар ин сабқатҳои илмӣ 8 ҳазору 244 хонанда (3 ҳазору 927 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 ҳазору 317 нафар аз муассисаҳои таълимии типи нав — мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд. Рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳузури хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
- Ҷамъбасти олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи аввали соли равон маълум намуд, ки аз шумораи умумӣ 2 ҳазору 933 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (147 медали тилло, 573 нуқра ва 2213 биринҷӣ) гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта — 200 ҷойи ифтихорӣ зиёд аст, — гуфт зимни суҳбат сухангӯи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Яҳё Авазов.
Ба иттилои ӯ, дар ҳаракати олимпии соли 2023 (ғайр аз олимпиадаҳои Spelling Bee ва шоҳмот) хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо дарёфти 1169 ҷойи ифтихорӣ (100 медали тилло, 309 нуқра ва 760 биринҷӣ) дар мақоми аввал, вилояти Суғд бо 756 ҷойи ифтихорӣ (20 медали тилло, 131 нуқра ва 605 биринҷӣ) дар мақоми дуюм, вилояти Хатлон бо 669 ҷойи ифтихорӣ (11 медали тилло, 83 нуқра ва 575 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор доранд.
Дар ин раддабандӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо дарёфти 12 медали тилло, 22 нуқра ва 189 биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ба даст овардани 4 медали тилло, 28 нуқра ва 84 биринҷӣ дар мақоми охир қарор гирифтаанд.
- Аз ин бармеояд, ки масъулини шуъбаҳои маориф ва директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Роғун Лахш, Рашт, Файзобод, Дарвоз, Мурғоб ва Роштқалъа ба рушди ҳаракати олимпӣ дар маҳал диққати ҷиддӣ надода, хонандагони болаёқатро барои иштирок дар даври ҷумҳуриявию байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи зарурӣ омода накардаанд, — гуфт Яҳё Авазов.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи сипаришудаи марказ нишон медиҳад, ки дар ҳаракати олимпӣ миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияҳои Сино (бо дарёфти 696 ҷойи ифтихорӣ), Исмоили Сомонӣ (189 ҷойи ифтихорӣ), Бобоҷон Ғафуров (164 ҷойи ифтихорӣ), Данғара (161 ҷойи ифтихорӣ), Шоҳмансур (153 ҷойи ифтихорӣ) ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Фирдавсӣ, Бохтар, Кӯлоб, Исфара ва Ҳисор дар сафи пеш мебошанд.
Мутаассифона, хонандагони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Тоҷикобод ва Шаҳристон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, ҳамагӣ соҳиби як ҷоӣ гардидаанд. Хонандагони ноҳияҳои Нуробод, Сангвор, Балҷувон, Носири Хусрав, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мурғоб дар олимпиадаҳо иштирок намуда бошанд ҳам, сазовори ҷойи ифтихорӣ нагардидаанд, ки ин аз сатҳи пасти сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои зикршуда шаҳодат медиҳад.
Ин давра танҳо 1087 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 170 муассисаи таълимии типи нав (мактабҳои президентӣ, гимназия ва литсейҳо) дар ҳаракати олимпӣ иштирок намуданд.
Ба гуфти коршиносон, роҳбарони баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба рушди ҳаракати олимпӣ таваҷҷуҳ надоранд ва ҳатто дар муҳлати муқарраршуда даври муассисавии олимпиадаҳои фанниро баргузор наменамоянд.
- Баъзе сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, масъулини муассисаҳои таълимӣ аз имкониятҳои мавҷуда барои сол аз сол зиёд гардидани иштироки мустақим ва фосилавии хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ба таври зарурӣ истифода намебаранд, ҳарчанд олимпиадаҳо ба хотири дарёфти наврасони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо дар самтҳои гуногуни илм мебошад,- афзуд Яҳё Авазов.
Ин муддат барои баргузор намудани даврҳои интихобӣ ва иштирок дар даврҳои ниҳоии олимпиадаҳои байналмилалӣ низ корҳои зиёд анҷом пазируфт. Аз ҷумла, вобаста ба баргузории олимпиадаҳои фаннии ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ барои муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 даври интихобии олимпиадаҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он 750 хонанда иштирок ва 156 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфта, аз ин шумора то имрӯз 119 хонанда дар даври ниҳоии олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ (1медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ) гардиданд.
Дар маҷмӯъ, 4809 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ то имрӯз дар даврҳои якум ва дуюми 20 олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои байналмилалии «Жаутиков» аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ, «ЕГМО-2023» барои духтарон аз фанни математика, «Архимедия», «ИМАС-2023», «АПМО 2023» аз фанни математика ва олимпиадаи байналмилалии «ҲИППО-2023» аз фанни забони англисӣ тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуда, аз ин шумора 710 кас ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»