Дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L бо раванди корҳои бунёдӣ шинос шуданд.
Нақби мазкур ба иншооти ЛОТ-и 2 мансуб буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ, ширкати “Вибилд” ба зимма дорад. Ин нақб аз иншооти асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб рафта, бо риояи талаботи лоиҳавӣ бунёд мегардад. Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L 234 метр буда, аз сатҳи 1002 метр то 975 метр мавзеъ мегирад ва бо нақби сементатсионии G-1C, ки аз зери ядрои сарбанд мегузарад, пайваст мешавад.
Тибқи лоиҳа нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L аз 790 адад чоҳ иборат аст. Имрӯзҳо дар ин нақб марҳилаи охирини корҳо идома дошта, аз шумораи умумии чоҳҳо 680 адад парма ва сементатсия карда шудааст. Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунандаи нақб аз ҷониби ширкати “Треви” ва зерпудратчии ширкати “Вибилд” иҷро гардида истодаанд.
Сифат ва муҳлатҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур аз ҷониби мутахассисон мунтазам назорат карда мешавад. Ҳамин аст, ки анҷоми корҳои бунёдӣ дар ин қитъаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” мувофиқи нақша ва дар доираи талаботи сохтмон сурат мегирад.
Нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L нақби муқимии неругоҳ буда, барои иҷрои корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад. То имрӯз сохтмончиёни ватаниву хориҷӣ дар ин нақб корҳои нақбканӣ, таҳкимот ва хобонидани бетони конструктивии қисмати каф ва девору сақфро ба масофаи 234 метр ба анҷом расонида, марҳилаҳои баъдии корро идома медиҳанд.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиён вусъат бахшидан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳоро талаб намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин шоҳкории азим барои садсолаҳост. Бояд ба сифати корҳои сохтмон, истифодаи масолеҳи баландсифат ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
www.president.tj