Аз нишастҳои матбуотӣ

Танқид ба хотири пешрафт

№101 (4684) 14.08.2023

ТУРСУНЗОДАТанқиди одилонаю асоснок, ки рӯзноманигорон мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд, боиси ислоҳи камбудиҳои аз мадди назари мутасаддиён дурмонда мегардад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли 2023 раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки таваҷҷуҳи доимии намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим падидаи нек буда, водор менамояд, ки мутахассисони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар иҷрои вазифаҳои касбиашон ба муҳлат ва сифати хизматрасониҳо аҳамияти хоса диҳанд.

Бояд иброз дошт, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он барои иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии ­босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр 520,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар шаҳр 80 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 86 навъи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидаанд.

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва Ҷамоати деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 398 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 93 иншоот, тандурустӣ — 32, варзиш — 30, саноат 21 иншоот, 34 маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири асосии роҳ дар 45 мавзеъ ба дарозии 130 км, сохт­мони 6 пул, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ аз ин ҷумла мебошанд. То ҳол 113 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, роҳҳои байнидеҳавию дорои аҳамияти маҳаллии шаҳри Турсунзода бо маблағгузории мақомоти иҷроия ва ҷалби соҳибкорону саҳми сокинони деҳот беш аз 19 км асфалтпӯш ва 93 км таъмири ҷорӣ шудаанд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»