Аз нишастҳои матбуотӣ

МОИ «Данғара»: 12 субъект фаъолияти истеҳсолӣ дорад

№101 (4684) 14.08.2023

ДАНГАРАМуовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода сеюми августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Аз шумораи 179 иншооти банақшагирифташуда дар 41 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд.

Арзиши умумии иншооти бунёдшуда зиёда аз 160 миллион сомониро ташкил медиҳад. Алҳол корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар назар аст, ки соли ҷорӣ 38 иншооти дигар мавриди истифода қарор дода шаванд.

Зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миллиарду 223,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 24,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси бештари ҷойҳои нави кор, саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ бо ҷалби соҳибкорон бунёди 28 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» фаъолият менамояд, ки дар он 30 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шуда, 12-тои он фаъолияти истеҳсолӣ дорад. Маҳсулоти дар давраи ҳисоботӣ истеҳсолнамудаи онҳо ба маблағи 30,1 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 111 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 30,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли гузашта 19,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 846,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»