Зиндагӣ душвор аст, шебу фарози бисёре дорад, вале инсони соҳибақл ин роҳро бо душворӣ ҳам бошад, паси сар мекунад. Онҳое, ки қудрати андеша кардан надоранд, роҳи осони халосиро ҷустуҷӯ мекунанд ва ба балое гирифтор мешаванд.
Сокини ноҳияи Спитамен Одилҷон Пулодов барои таъмини оилаи худ чун ҳазорҳо ҳамсолонаш озими Федератсияи Россия мешавад.
Ин ҷавони деҳотии зудбовар, ки ҷаҳондидаву корозмуда набуд, дар Россия чӣ гуна ба доми ашхоси ҷиноятпеша афтоданашро намедонад. Ӯ аз куҷо медонист, ки ҳамшаҳриёни «хушмуомилааш» нисбати ӯ дар қалб нақшаи бадеро тарҳрезӣ карда истодаанд. Гумон дошт, ки агар бо гурӯҳи чунин бачаҳои «кордону корбудкун» ҳамроҳ шавад, пулу моли зиёд ба даст меоварад. Вале «дӯстон»-и наваш баъди чанд рӯзи «меҳмондорӣ» ӯро ба гурӯҳе аз муҳоҷирини дигари тоҷик ҳамроҳ намуда, барои ҷиҳод ва пуштибонӣ аз ислом ба Сурия фиристоданд. Бовар кард. Аслан илоҷи дигар ҳам надошт.
-Охир чӣ хел мешавад? – аз дил мегузаронд ӯ. Нону намаки онҳоро хӯрда, суханашонро гардондан дур аз хислати одамӣ аст. Ва… рафт…
Ба гуфтаи Одилҷон онҳоро аввал ба Туркия, баъд ба ҳудуди Сурия оварданд. Аз шароити ҷой кардан, муомила бо онҳо Одилҷон фаҳмид, ки фиреб хӯрдааст ва ҷанги ин кишвар ба ҷиҳод ҳеҷ монандӣ надорад. Ин ҷангро чӣ тавр метавон ҷиҳод номид, ки аз ду ҷониб ҳама мусулмонанд. Баъди 14 рӯзи он ҷо будан бо душвориҳои зиёд ба Ватан баргашт. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора ихтиёран муроҷиат намуд. Шаҳрвандони мо ба он ҷо иштибоҳан ё бо хоҳиши худ рафтаанд? — саволест, ки шарҳ ва ҷавобро мехоҳад. Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ коршиносон ҳар гуна баҳогузорӣ менамоянд. Ба онҳо барои иштироки ғайриқонунӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди кишварҳои бегона додани маблағ ҳам истисно нест. Ин амал ба эътиқоду боварӣ низ наметавонад, ки рабт дошта бошад. Муҳорибаҳои шадид, ки чандин сол боз дар кишварҳои арабӣ идома доранд, бо иштирок ва маблағгузории давлатҳои бегона барои амалӣ кардани мақсадҳои ғаразноки худ идора мешаванд. Коргардонҳои асосии ошкорову пинҳонӣ онҳоянд. Мутаассифона, шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон дар ин даргириҳо, ки ҳеҷ вобастагӣ ба он надоранд, кӯр-кӯрона иштирок мекунанд.
Аллакай чанде аз онҳо кушта шудаанд. Гирифтори доми ташвиқу тарғиби дурӯғини гурӯҳҳои одамҷаллоб гардида, ҷони ҷавонашонро аз даст доданд.
Масъалаи ба амалиётҳои ҷангии дигар давлатҳо ҷалб намудани шаҳрвандони мо имрӯз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Аз ин ҷост, ки масъалаи мазкур дар конференсияи ҷумҳуриявии чанде пеш баргузоргардида таҳти унвони «Муқовимат ба хатар ва таҳдидҳо дар манотиқи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамои Тоҷикистон дар умури мубориза бо терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва коррупсия» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо нигаронӣ аз иштироки бештар аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангии давлатҳои бегона андешаҳояшро иброз дошта буд. Айни ҳол барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар қонунгузории ҷорӣ ҷалбкунӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳ ва амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ҷиноят дониста мешавад.
Бо ҳамин мақсад буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 июли соли 2014 №1088) қабул гардид.
Мувофиқи ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав — «Моддаи 4011. Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» илова шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои «ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад».
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»