Аз нишастҳои матбуотӣ

10810 заминларза дар ним сол

№101 (4684) 14.08.2023

АМИТ (3)7-уми августи соли равон дар Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон нишас­ти матбуотӣ доир шуд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон Фарҳод Раҳимӣ дар баробари дастоварди олимон оид ба чанд масъалаи муҳими рӯз, аз ҷумла хокбориш, ҳифзи пиряхҳо ва заминларза, маълумот дод.

Зикр гардид, ки сабаби сол то сол зиёд шудани хокбориш тағйирёбии иқлим, биёбоншавии заминҳо ва обшавии пирях­ҳо мебошад. Барои омӯзиши унсурҳои таркиби хокбориш дар шаҳри Душанбе ва минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус дастгоҳҳо гузошта шудаанд. Дар раванди омӯзиш ба муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ барои ҳифзи солимӣ тавсияҳо пешниҳод хоҳанд шуд.

Ба саволи «Оё пиряхҳоро ҳифз кардан мумкин аст?», Ф.Раҳимӣ чунин посух гуфт:

-Шарти аз обшавӣ ҳифз намудани пирях ҳамин аст, ки қабати болоии он бояд сафед бошад. Чунин технология бо истифодаи наноплёнкаҳо мавҷуд аст, вале хароҷоти зиёдро тақозо дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳалли ин мушкилот хазинаи махсус таъсис дода шавад.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар мамлакат 10810 заминларза ба қайд гирифта шудааст, — афзуд Ф. Раҳимӣ.

Дар фароварди нишас­ти матбуотӣ дар бораи кашфи конҳои фосфорит маълумот дода шуд, ки онҳо метавонанд ба рушди соҳаи кишварзӣ такони ҷиддӣ бахшанд. Аз фосфорит хокаи фосфордор, амофос ва суперфосфат истеҳсол кардан мумкин аст, ки алҳол кишоварзони ҷумҳурӣ ба он ниёз доранд.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»