Муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан аз нимаи дуюми моҳи апрели соли 2014 ба татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2014-2016» оғоз кард ва ба ин васила хизматрасонии тиббӣ шакли дигар гирифт.
Масъалаи мазкур таваҷҷуҳи нависандаи ин сатрҳоро ҷалб кард ва ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан Абдуллозода Иброҳим Fоибназар муроҷиат кардам.
- Татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2014-2016» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №20 аз 3 январи соли 2014 сурат мегирад, — гуфт мавсуф.
Тибқи қарори номбурда татбиқи Барномаи мазкур дар шаҳрҳои Нораку Сарбанд, Турсунзода ва ноҳияҳои Данғараву Спитамен, Рашту Шаҳринав ва Варзоб чанд сол пештар оғоз шуда буд.
Муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан ба татбиқи ин Барнома аз 14 апрели соли равон оғоз карданд. Татбиқи Барномаи фавқуззикр дар зери назорати қатъӣ қарор дорад ва шахсан тӯли ин муддат ду маротиба ба беморхонаи марказии шаҳр рафта, бо раванди иҷрои он шинос шудам. Бо беморони зиёд ҳамсуҳбат гардидам ва огаҳӣ ёфтам, ки шуъбаҳо ба ин масъала ҷиддӣ муносибат доранд. Захираи дорувориҳо дар ҳоли ҳозир мерасанд ва аз ҷониби беморон ягон арзу шикояти ҷиддӣ ба назар нарасид. Эътироф бояд кард, ки пояи моддию техникии баъзе аз шуъбаҳо ҷавобгӯйи талаботи замон нест, таҷҳизоти замонавии тиббӣ низ намерасад, таъмини имтиёздорон бо дорувориҳо мушкил аст, зеро дар буҷети соли 2014 барои таъмини ин Барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр маблағ пешбинӣ нашуда буд. Бо вуҷуди он, бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилиамон кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки талаботи Барномаи мазкурро оид ба расонидани кумаки тиббию санитарӣ таъмин намоем.
Ба хотири огоҳӣ ёфтан аз татбиқи Барномаи мазкур дар муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан роҳи беморхонаи марказиро пеш гирифтам.
-Ҳама гуна навгонию навовариҳо дар аввали кор мушкилиҳоро пеш меоранд. Баъд аз оғози татбиқи ин Барнома шумораи умумии беморони бистаришаванда тақрибан 40 фоиз коҳиш ёфт, — гуфт сардухтури беморхона, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Собирҷон Акрамов. -Барнома аз рӯзҳои аввали татбиқшавиаш бартариҳои худро нишон дод. Гап сари он аст, ки то ин замон гузаронидани таҳлилҳои лаборатории бемориҳо дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 аз 2 декабри соли 2008 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» музднок шуда буданд.
Ғайр аз ин, ҳодисаҳои ситонидани маблағ аз ҷониби баъзе аз табибон ҳам ҷой дошт. Ҳар бемор то бистаришавӣ камаш 3-4 рӯз саргардон мешуд. Акнун беморе, ки бо роҳхати табиби оилавӣ ё дармонгоҳ бо бадастоварии натиҷаҳои таҳлилҳои лабораторӣ ба шуъбаи қабул меояд, ҳамагӣ 50 фоизи нархномаи муқарраркардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро пардохт менамояд. Дигар тамоми намуди доруворӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ ба бемор ройгон расонида мешавад. Тибқи ин нархнома ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда, муҳофизони сохти конститутсионӣ, иштирокдорони садамаи Чернобил, кӯдакони то яксола, маъюбони гурӯҳҳои I ва II ройгон хизмат расонида мешавад ва онҳо бо тамоми дорувориҳо низ бепул таъмин мегарданд.
Мо аз вазъи шуъбаҳои ҷарроҳии бачагонаву калонсолон, шуъбаҳои бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ, бемориҳои дарунӣ ва шуъбаи навтаъсиси бемориҳои чашм дидан кардем. Дар шуъбаҳои мазкур бо беморони зиёд ҳамсуҳбат гаштем, аз шароиту имкониятҳои ин шуъбаҳо пурсон гардида, ба масъалаи дастрас будани дорувориҳо, сифати хизматрасонӣ ва ғайра таваҷҷуҳ намудем. Ба банда махсусан тозагии шуъбаи бемориҳои чашм писанд афтод. Дар панҷ ҳуҷраи хоби беморон 20 кати табобатӣ гузошта шудааст. Дар шуъба ҳуҷраҳои алоҳидаи амалиёти ҷарроҳӣ, бастабандӣ ва доругузаронӣ мавҷуд аст.
Дар Барномаи мазкур омадааст, ки дар ҳолати татбиқшавии ин Барнома дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба татбиқкунандагон бояд аз ҳисоби кумакҳои башардӯстонаю грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, кумакҳои моддиву техникӣ расонида шавад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки сохторҳои марбута ҷиҳати татбиқи ҳаматарафаи Барномаи мазкур ба шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ кумак менамуданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»