Парварандаи равон

№№ 101 (4684) 14.08.2023

356973304_1110739116976384_1551832532473013150_nСарлавҳаи матлаб ба рисолату фаъолияти қаҳрамони он рабт дорад. Манзур нафаре аст, ки 24 соли ҳаёти хешро сарфи тарбияи кӯдакон кардааст. Ногуфта пайдост, ки тарбияи атфол, хоса дар кӯдакистон, кори саҳлу сода нест, ҳамон гунае, ки баъзеҳо мепиндоранд. Агар падару модар парваришдиҳандаи ҷон ба ҳисоб раванд, мураб­бии кӯдакис­тон ба маънои том парварандаи равон аст. Тарбияи кӯдак маҳз аз донишу малака ва самимияти ӯ вобаста буда, дар он сурат қодир аст тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак таври табиӣ интиқол диҳад. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи мураббӣ дар сифати идроки тарбиятгиранда таъсири бевосита мегузорад. Маҳз, онҳо дар қалби тифлакон тухми меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва некию накукориро мекоранд, то оянда насли нав­рас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд. Ин нақши созандаи мураббӣ дар камолоти шахсияти фарзандони мо ба ҳисоб меравад.

Директори кӯдакистони рақами 22 — юми шаҳри Душанбе Замира Миралиева аз шумори онҳост. Ихтисоси аввали номбурда иқтисодчӣ мебошад. Як муддат аз рӯи он фаъолият дошт ва имкон буд, ки ба зинаҳои мансабӣ боло равад, вале ин бонуи фариштахислат, замоне ки ба ­дунёи зебои кӯдакон ворид гашт, бо дарки покию зебоӣ ва нотакрорӣ худро ҷузъи он донисту 24 сол мешавад, ки дар ин олами поку беолоиш маскун аст. Барои он ки фаъолияташ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардад, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси «педагог – психологи томактабӣ» хатм намуд.

Кӯдакистони зикршуда 230 тарбиятгиранда дошта, бинобар завқу шавқи роҳбари он, таълиму тарбия бо вежагиҳо роҳандозӣ шудааст. Дар ин раванд мақом ва нақши Замира Миралиева калидӣ буда, фазои хос ва аз муқаррароти зиндагии пурсаодат таркибёфтаро барои аҳли кӯдакистон фароҳам сохтааст. Қаҳрамони матлаб соҳибмаърифату соҳибҳунар буда, ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ бениҳоят содиқу арҷгузор аст.

Мавсуф ҳамчун шахси тарбиятдида кӯдаконро тарзе тарбия мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд. Аз шумори бонувони соҳибэҳтирому соҳибном аст. ­Масъулиятшиносӣ аз рукнҳои асосии фаъолияти ӯст. Шахсияти ӯ бо махсусиятҳояш барои тарбиягирандагон ва волидони онҳо таваҷҷуҳангез аст. Шеваи хоси кору зиндагии мавсуф комилан мусбат ва фарқкунанда аст.

Зимни суҳбат аз таваҷҷуҳу дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, афзуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, ба маънои рамзиаш занони кишварро паси фармон овард. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Муҳиму ҷолиб он аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармонро содир кардаанд.

Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун замина барои таҳия, қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2010», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд.

Ба андешаи ӯ, кормандони зинаи томактабӣ дар раванди тарбияи насли наврас нақши ҳалкунанда дошта, дар баробари падару модар, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва ҷомеа барои шаклгирии шахсияти онҳо масъулият доранд. Қобили зикр аст, ки дар аксар маврид рисолату масъулияти мураббияҳои кӯдакистон аз дигарон бештар аст.

Агар онҳо тифлаконро дуруст тарбия кунанд, онҳо дар ҳама самт комёб мешаванд ва агар каме беэътиноӣ зоҳир намоянд, пайомад ногувор хоҳад буд. Ба андешаи Замира Миралиева: «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳнию ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо ба ҳисоб меравад. Агар ободию суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан вобаста аст».

Хислатҳои ҳамидаи инсониро қаҳрамони матлаб дар муҳити хонавода омӯхтаву доимо сармашқи кораш аст. Месазад зикр намоем, ки ӯ фарзанди Ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Амиршо Миралиев буда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки пайрави падар бошад.

«Бо дарки масъулият мегӯям, ки падарам «фарзанди эрка» надорад, касе аз «пушт»-и ӯ ба ягон кори бад даст намезанад, зеро дар тамоми вазифаҳое, ки кор кардааст, дар сурати даст задан ба аъмоли нопок касеро, хоса фарзандонро, хотир намедид. Биноан, дар борааш гуфтаанд: «Як гап дораду як нигоҳи қаҳрогин. Сиёсатмадори пурҷазаба аст, ки аксаран ҷуръати ҳар майда — чӯйдаро бо ӯ муҳокима кардан надоштанд»,- таъкид намуд ҳамсуҳбатам.

Дар бобати падар хеле бо эҳсос сухан ронда, мухтасар шахсияти ӯро тасниф намуд: «Қиблагоҳам аз зумраи касонест, ки зиндагиро дар ҷаб­ҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф кардааст. Ӯ иродаи шикастнопазир, азм ва нияти нек дошту дорад. Муҳаббат ба халқу Ватан дар мағз андар мағзи ҷонаш ҷой гирифта, шуъла мезанад. Ӯ ба сӯи камолот зина ба зина ҳаракат намуд. Дар кадом вазифае, ки фаъолият кард, кордонӣ, масъулиятшиносӣ сармашқи кор буданд. Ин хислатҳои нек, усули хоси роҳбарӣ ва дурандешӣ мақоми ӯро миёни ҳамкорон боло бардошт.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта даврони вазнине барои мардуми Тоҷикистон буд. Боварҳо, ҳизбу ҳаракатҳо майл ба сӯи ҷудоӣ карданд. Оташи ҷанг аланга гирифт. Мавҷудияти миллати тоҷик дар зери хатар монд. Вазъияти кишвар рӯз ба рӯз буҳронитар мегардид. Хавфи парокандагию нобудӣ ба миён омад. Ҳатто баъзе аз соҳибони вазифаҳои баланди давлатӣ рӯ ба фирор оварданд, тамошобин шуданд. Дар чунин вазъияти душвор муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар паҳлуи Роҳбари давлати тоза­истиқлоли Тоҷикистон ҳузури мардони сарсупурда, ватанхоҳ, миллатдӯст, кордону хайрхоҳ зарур буд. Падарам дар ин марҳилаи ҳассос ҳамчун ҳамсафи содиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар эъмори давлати тозабунёд саҳм гузошт. Хуб дар хотир дорам, ки шабу рӯз кор кард, ба хона хеле дер меомад ва ё баъзе шабҳоро дар ҳуҷраи корӣ рӯз менамуд. Вақте аз ӯ барои сер набудан аз дидораш гила мекардем, посухаш чунин буд: «Содиқ будану сазовори боварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидан, ки ҳаёту мамоташонро барои саодати Тоҷикистону ҳар як тоҷикистонӣ бахшидаанд ва дар соати мушкил дар паҳлуи ӯ будан барои ҳар фарди ватандӯст шараф аст».

Падарам муътақид аст, ки ҳар шахс бояд вазифаи бардӯшдоштаро ба хубӣ анҷом диҳад. Вай рисолати миллию ватанхоҳиашро дар ҳамин мебинад ва ба фарзандон доимо талқин менамояд», — хулоса намуд номбурда.

Дар фарҷоми матлаб, зикри он ки занон гулҳои осмониро дар замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покию покдоманӣ мепарваранд, бамаврид медонам. Иртиботи ин суханон ба Замира Миралиева бевосита аст, зеро ӯ ин рисолатро бо сарбаландӣ адо карда истодааст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»